Имрӯз дар саҳни «Наврӯзгоҳ»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Баҳодур Давлатзода, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Санкт-Петерберги Федератсияи Русия Шербина Николай Филиппович, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёни донишкада ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Саҳни донишкада ҷашнгоҳи бузургеро мемонд, ки аз саодати ватандорӣ ва ҳузури бехалали суботу амният дарак медод. Масъулин бо хотири шоди идона меҳмононро бо садои карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд. Садорати факултаҳо дар алоҳидагӣ тавъам бо суннатҳои ҷашни Меҳргон бо истифода аз дастранҷи деҳқонон анвои меваҷоту сабзавот, ғалладонагию полизӣ ва таомҳои миллӣ хони меҳргонт оростанд.
Ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҷашни Меҳргонро ба онҳо ва кулли ҳозирин самимона табрику муборакбод намуда, тазаккур дод, ки ҷашни Меҳргон пеш аз ҳама самараи ваҳдати аҷдоди мо буда, арзиши хос дар фарҳанги миллии мо дорад ва дар баробари Наврӯз, Сада ва Тиргон яке аз ҷашнҳои миллии аҷдоди мо мебошад.
Роҳбари донишкада дар бораи таърихи зуҳур ва суннатҳои хоси ҷашни Меҳргон маълумот дода, эҳёи дубораи онро ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бахти бузурги миллат унвон намуд. Воқеан ҳам, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд. Дар ин росто ҷашну маросимҳои мардумӣ зинда ва ғанитар гардида, худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият меёбад.
Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар зимни суханронии худ адешаҳояшро дар бораи ватандорӣ ва моҳияти фарҳанги милллӣ баён намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, соҳибтамаддунии мо ва файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Мардум ҷашни Меҳргонро бо ҳувияти баланд ва нияте баргузор менамоянд, ки фарҳанги оламшумули моро зинда нигоҳ доранд, пояҳои давлатдории миллиро боз ҳам устувор намуда, ҳамасола бо ҷамъоварии ҳосили деҳқониашон фаровонию осудагии рӯзгорашонро таъмин карда, хайру баракати Ватанро афзун намоянд.
Сипас, барномаи идонаи омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши меҳмонон ва ҳозирин гардид, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ СИНО