Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректори донишкада оид ба таълим Махсудзода Фарҳод ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки ҳарчанд Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти худро аз сифр оғоз кард, дар заминаи сиёсати дурбинона ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоное табдил шуда, қудрати комили мудофиавӣ ба даст овардааст. Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ — техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, вазифаи аз ҳама муҳим — ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, ки ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир ҳар яки мо — устодону донишҷӯёнро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем. Дар ин самт ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Ба шогирдонамон бояд дақиқ фаҳмонем, ки бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунандаи иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки фарогири сурудҳои ватанпарварона буда, муқаддас будани Ватан ва ваҳдату ягонагиро илқо менамуданд.



