Дар хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, декани факултаҳо, донишҷӯён ва кормандон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишкада ректори донишкада, ҳусни оғоз бахшида,  донишҷӯдухтарон ва ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, андешаҳои худро доир ба ҷойгоҳи мақоми модар ва ҷойгоҳи ҷашни Рӯзи Модар дар замони соҳибистиқлолӣ баён намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ раванди зоҳир намудани ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон вусъати тоза касб намуда, занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир гузоштанд. Воқеан, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, ба онҳо омӯзондани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Ректори донишкада пас аз суханронии худ як гурӯҳ донишҷӯёнро барои хониши хубу аъло ва саҳм доштан дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.

Сипас, донишҷӯписароне, ки дар хобгоҳи донишкада зиндагӣ мекунанд, барномаи фарҳагии омоданамудаи худро пешкаши ҳозирин, хусусан, устодону донишҷӯдухтарон карда, самимият ва таманнои худро баён намуданд. Донишҷӯписарон бо сурудани сурудҳои ҷолиб дар васфи модарону бонувон, қироати шеърҳо ва саҳначаҳои ҳунарӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.

Пас аз барномаи фарҳангӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин суханронӣ намуда, ба ҳунару истеъдод ва маҳорати донишҷӯписарон баҳои баланд дода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод намуд. Мавсуф инчунин, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

 

   Ректори донишкада ба ҳозирин, хусусан ба донишҷӯписарон таъкид карда, зикр намуд, ки мо набояд фақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд пайваста нисбат ба модарону хоҳарон ва духтарони ҳамдарси худ ғамхору меҳрубон ва мададрасон бошем. Зеро тамоми бузургони дунёро Зан-Модар ба дунё оварда, бо меҳру муҳаббати беандоза ва аз ҷонгузаштанҳо парваридааст. Аз ин рӯ устоди аввалини тамоми аҳли башар модар мебошад, ки алифбои зиндагиро ба мо меомӯзад. Мо — фарзандони парваридаи ӯ дар ҳар маснаде, ки набошем, бояд назди бузургии Модар сар фуруд орем ва ҳамеша эҳтиромашро ба ҷо орем.


 

 

 

 

 

ҚУДРАТОВ Сино