Имрӯз дар донишкада ба муносибати 100-солагии Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, аввалин ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа  Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна бо иштироки муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фирӯза, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Тамара Абдушукурова, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисодиёт ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорат дар шаҳри Хуҷанд Солиҷонов Расулҷон ва дигар чеҳраҳои саршинос ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмӣ-фарҳангиро ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдоронро ба донишкада хайрамақдам гуфт.

Ректори донишкада зимни суханронии ифтитоҳияш дар бораи рӯзгор ва фаъолияти Ғаффорова Мунзифа маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар авроқи таърихи ин ё он давлату миллат номи шахсият ва чеҳраҳое мондагор хоҳад буд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа, таҳкими арзишҳои миллӣ ва мероси моддию маънавии халқи худ хидмати шоиста анҷом додаанд. Ин афрод дар самту соҳаҳои гуногун содиқона кору фаъолият карда, аз худ номи нек боқӣ мегузоранд, ки барои дигарон қобили пайравӣ хоҳад буд. Яке аз чунин шахсиятҳои шинохта ва фидоии  илму фарҳанг ва санъату ҳунар Мунзифа Ғаффорова мебошад, ки бо амалҳои неку шоиста ва созандаи хеш дар рушди ҷомеа, пешрафти соҳаҳои маориф, илми ватанӣ, фарҳанг ва санъати кишвар саҳми бориз  гузоштааст.

Роҳбари муассиса андешаҳояшро тавассути маърузаи пурмуҳтавои худ таҳти унвони “Сарвари мубтакир ва олими беназир” оид ба тарҷумаи ҳол, осор ва хидматҳои беназири ин зани нексиришт баён намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки боиси ифтихор аст, ки Донишкада дар замони сарварии муаллима Мунзифа Ғаффорова тавонист, ки дар рушди соҳаи мусиқӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, ба оммаи васеи мардум дастрас намудани беҳтарин дастовардҳои фарҳанг ва санъати миллӣ муваффақ гардад. Ҳамзамон, саҳми мавсуф ҳамчун ректори нахустини донишкада дар таъсиси кафедраю факултаҳои нав, бунёди ошхонаву хобгоҳ, баланд бардоштани маҳорату истеъдоди касбии устодону донишҷӯён хеле назаррас аст. Аз ин ҷост, ки устодону шогирдони нахустин ва собиқадори ин даргоҳи ҳунарҳои зебо то ҳоло муаллима Мунзифа Ғаффороваро ҳамчун устоди аввалини худ, роҳбари оқилу ғамхор  ва бонуи матинирода ба хотир меоранду дар ҳаққаш суханҳои нек мегӯянд.

Муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён таҷлили 100-солагии Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, аввалин ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои фалсафа  Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровнаро рӯйдоди муҳим ва иқдоми наҷиб арзёбӣ намуда, тазаккур дод, ки дар таърихи илму адаб андешаҳои бузургмардоне, ки нисбати тавсифи зан ироа шуда, дар васфи ин олиҳаи ҳусну нафосат ва тимсоли покиву садоқат суханони зебову гӯшнавози зиёд гуфтаанд, кам нест, аммо зане, ки аз ҳуқуқу озодиҳои занон дифоъ кунад ва дар ин ҷода умри худро сарф намояд ва бо тамоми ҳастӣ ба ин масоил бо диди илмиву пажӯҳандагӣ таваҷҷуҳ намояд, хеле нодир аст.  Яке аз чунин заноне, ки зоҳиру ботини худро бо фазилатҳои илмиву ахлоқӣ  пироста, беш аз шаст соли умри гаронарзиши худро дар ин роҳ сипарӣ намудааст, профессор Ғаффорова Мунзифа Қаҳҳоровна мебошад. Ин зани мубориз ва ҳақгӯву ҳақҷӯ ба масоили озодии зан, махсусан занони шарқӣ, таваҷҷуҳи хос дода, дар ин росто мақолаву асарҳои зиёди илмӣ эҷод намуда аст.

Обидҷон Назариён аз  давраи  дар ҳайати Шурои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдат бо масъулияти баланд фаъолият намудани Мунзифа Ғаффорова ёдовар шуда, зикр намуд, ки чандин пешниҳодҳои ин зани ватанпарвару ҷасур дар бораи бартараф намудани хурофотпарастӣ, танзими ҷашну маросимҳо, ба таълим ҷалб намудани занону духтарон, бунёди донишкадаҳои миёнаи махсус ва амсоли инҳо аз ҷониби ҳукумати кишварамон пазируфта шуд ва бесабаб нест, ки Пешвои миллат ба фаъолияти илмиву ҷамъиятии ин бонуи ҳунар баҳои баланд дода, ҳанӯз дар яке аз вохӯриҳояшон бо зиёиён дар соли 2009 қайд намуда буданд, ки «Мунзифа Қаҳҳоровнаи арҷманд! Мардуми Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими давлатӣ ва арбоби маорифи халқ, роҳбари мушфиқу ғамхор мешиносанд ва саъю талошатонро дар пешрафти илму фарҳанг қадр мекунанд».

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фирӯза низ аз кору пайкори Мунзифа Ғаффорова ёдовар шуда, саҳми ӯро ҳамчун равшанфикри дорои тафаккури миллӣ дар  баланд бардоштани маънавиёт, бедориву худшиносии миллӣ, алалхусус маърифати ҷойгоҳу манзалати зан дар ҷомеа беназир номид, ки номи неку фаъолияти беминнат ва пурбаракаташ аз хотирот зудуда нахоҳад гашт.

Бахши илмии ҳамоишро Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони   «Масоили мубрами фалсафаи муосир» дар бар мегирифт, ки дар он  академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар мавзуи «Ифтихори илм ва маорифи Тоҷикистон (чанд сухан дар бораи профессор Мунзифа Ғаффорова)», доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисодиёт ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорат дар шаҳри Хуҷанд Солиҷонов Расулҷон дар мавзуи «Профессор Ғаффорова М.Қ. – ифшогари асрори зан ва ҷомеа» ва дӯстону ҳамкорону пайвандони Мунзифа Ғаффорова суханронӣ карда, аз ин чеҳраи дурахшони илми фалсафаи муосири тоҷик бо некӣ ёд намуданд, ки аз ҷумлаи  фидоиёни илм буда, дар ташаккули фалсафаи тоҷик нақши назаррас гузоштааст.

Сипас, Раҷабова Зарина — фарзанди Мунзифа Ғаффорова миннатдории худро ба баргузоркунандагони ҷорабинӣ баён намуда, ёддоштҳои ҷолибу ибратомӯзро аз ҳаёти модараш ба самъи ҳозирин расонид.

Мақолаҳои конференсия бо ибтикори Раёсати донишкада дар шакли маҷмуа таҳти унвони “Сарвари мубтакир ва олими беназир”  ба интишор расида, дар рафти ҳамоиш рӯнамоӣ карда шуд, ки барои шогирдону пайвандони Мунзифа Ғаффорова ва аҳли илму фарҳанг туҳфаи гаронарзиш мебошад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯёни донишкада барномаи ҳунарӣ пешкаши иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино