Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зимни суханронии табрикии худ ҳозиринро самимона ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки воқеан, Истиқлол тантанаи хирад ва ормони миллати куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.
Таҷлили бошукӯҳи ҳамасолаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони кишвар ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз ба шарофати ҳамин рӯйдоди муҳимми таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гаштанашро ба даст овард. Барои ноил гаштан ба чунин саодати беназир наслҳои гуногуни миллати куҳанбунёдамон бо кору пайкори созандаашон саҳмгузорӣ намудаанд ва наслҳои имрӯз аз он сабақ гирифта, ин амалҳоро бо ифтихору сарфарозӣ идома мебахшанд. Бахусус, дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта миллати сарбаланди мо бо чунин фидокориҳо Истиқлоли давлатии кишварамонро истеҳком бахшид ва бо рафъи мушкилоти сангини аз ҷониби бадхоҳони дохилию берунӣ ба сари мардум таҳмилшуда рушди минбаъдаи Тоҷикистонро таъмин намуд.
Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба маориф ва фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ таваҷҷуҳ ба маориф ва фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад. Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, ҷашн гирифтани санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ тавассути роҳандозии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва ғайра дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор доштанду доранд.
Роҳбари донишкада таъкид намуд, маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дар донишкада толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунун таъмиру мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин чорабинии муҳимми фарҳангӣ аввалин маротиба бо иштироки Сарвари давлат Суруди миллии Тоҷикистон бо ҳамовозии сози арғунун садо дода, навои руҳафзои сози арғунун дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол танинандоз гардид.
Сарвари муассиса ёдрас намуд, ки Пешвои миллат ҳангоми таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе ба масъалаҳои муҳими илму маориф, фарҳангу санъати миллӣ ва ҳаёти омӯзгорону ҷавонону донишҷӯён рӯ оварда ғамхориҳои бемисл зоҳир намуданд. Аз ҷумла таъкид карданд, ки омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Инчунин ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд, ки ин ғамхории бемисл нисбат ба мо омӯзгорон аст. Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки дар кишвар барои гурӯҳҳои алоҳидаи синнусолӣ, яъне хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон озмуни «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардида, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст карда шавад ва ғолибон бо ҷоизаву мукофотпулиҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд. Ва аз ҳама муҳим дастур дода шуд, ки мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд. Равандҳои замони муосир аҳли маориф, аз ҷумла ҳайати профессорону устодони донишкадаи моро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ саҳми калидӣ дошта бошанд, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ҳамасола саъй намоянд.
Қайд гардид ки ҳоло пояҳои моддиву техникии донишкада сол ба сол пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардида истодаанд. Ҳамаи ин ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодаанд.
Пас аз суханронии ректори донишкада барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯён манзури иштирокдорон гардонда шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино