Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни Сада бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллию мардумиамон — иди Сада, ки ҳамасола дар саросари мамлакат дар фазои суботу оромӣ таҷлил мегардад, самимона табрику муборакбод намуда, андешаҳояшро доир ба ҷашни Сада зимни ироаи суханронии табрикияш баён намуд.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои ватандӯстона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам омад, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдодии мо, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, оинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо ба ҳисоб меравад.
Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебашад, хело қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.
Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯи оташ намуда, дастони худро ба сӯи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
Ректори донишкада тазаккур дод, ки агар аз ин нуктаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама ба назари мо Хуршед ҷилвагар мешавад. Чунки бидуни Хуршед ҳаёт вуҷуд надорад. Маҳз ба воситаи рӯшноии он тамоми мавҷудоти олами зинда дар ҳаракат аст. Инсонҳои замони бостон, ки ҳанӯз нутқ надоштанд, дар канори тамоми мавҷудоти олам аз гармии Хуршед баҳра мебурданд.
Зикр гардид, ки аслан, ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, вақти анҷоми сардиҳои саҳти зимистон ва ба таъбири ниёконамон ҳангоми ба поён расидани чиллаи калон замоне, ки сардии ҳаво паст шуда, имкони бо замин сари кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Мардуми кишоварз ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву хушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад.
Сада аз рӯйи тартиби замонӣ нахустин ҷашн аст, чун бунёнгузори он Ҳушанг — дувумин шоҳ аз Пешдодиён мебошад ва қабл аз он аз ҳеч гуна ҷашне ёдоварӣ нашудааст. Дар тафсирҳои мавҷуд то кунун дар хусуси Сада маълумоти фаровоне гирд омадааст, ки аксаран аз таъбиру тафсири луғавии худи калимаи “сада” шуруъ мегардад, ки решаи он ҳанӯз барҷой ва роиҷ аст, ки шумори сад (100) мебошад. Аз ҷумла, дар “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ”-и таълифи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ омадааст: “Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазақ ва садақ шуда, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо барафрӯхтани оташ, тайи маросими хоссе анҷом мегирад. Дар ваҷҳи тасмияи он ба «сада» орои мухталифе матраҳ шудаанд: Аз Сада то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони гирдоварии ғалла сад рӯз боқист, зеро дар навоҳии муътадил, ҳудуди панҷоҳ рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва бавижа ҷав бардошт кард.
Дар таъйиди ин назар бояд гуфт, ки дар бархе рустоҳо ва шаҳрҳои ҷануби Хуросон, ҳамзамон ба оташафрӯзӣ дар шаби даҳи баҳман ва ҳангоми баргузории ҷашни Сада ашъоре хонда мешаванд, ки мисраи баргардони он чунин аст: «сада, сада, сад ба ғалла панҷа (панҷоҳ) ба Наврӯз. Дар тақвими куҳани эронӣ солро ба ду бахши номусовӣ тақсим мекарданд: фасли гарм, аз аввали фарвардин то поёни меҳр ва фасли сард, аз аввали обон то поёни исфанд. Рӯзи даҳуми баҳман, яъне обонрӯз, дуруст миёнаи зимистон аст, ки дар он сармо ба авҷи худ мерасад ва дуруст сад рӯз аз зимистон мегузарад.”
Чунон ки дида мешавад, дар ин манбаъ ҳама тафсирҳои мавҷуд ба асоси шумори сад аст, ки назари дигар ҳам бар ҳамин мабно буда, рӯзе шумурда мешавад, ки дар он гӯё шумори фарзандони Одам ба сад расидааст.
Бино ба ривояти Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ ҷашни Сада ва ихтирои оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг ва бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст. Зоҳиран то замони Ҳушанг оташ шинохта нашуда буд ва рӯзе, ки ӯ барои шикор рафта буд, море сари роҳ пайдо шуд. Ҳушанг санге ба тарафи ӯ партоб кард, аммо мор кушта нашуд. Санг бар санги дигар бархӯрду оташ падид омад.
Сарвари муассиса баён намуд, ки етавон бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин бахши “Шоҳнома” дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ, ихтироъкорӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, равшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.
Таъкид гардид, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҷашнҳои миллии мо марҳила ба марҳила хусусияти байналмилалӣ гирифта, оинҳои инсонсоз ва фарҳангу санъати оламшумули моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, ки ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз гувоҳи ин гуфтаҳост. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷашни Сада ҳам бо саъю талоши миллати тамаддунофари мо дар шакли таърихии худ ба таври комил эҳё гардида, ҳавзаи таҷлили худро васеъ менамояд ва оқибат ҷаҳонӣ мегардад.
Пас аз суханронии ректори донишкада барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино