Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Баходур Давлатзода, як гурӯҳ устодон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, чеҳраҳои саршиноси соҳаи фарҳангу санъати кишвар, ҳайати устодону донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангиро собиқ ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ  ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ  ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ  бо Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд. Мавсуф ректори тозатаъини донишкада, номзади илмҳои филологӣ Назарзода Маҳмуд Мирзоро ба муносибати сазовор гардидан ба эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъин шуданаш ба вазифаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода табрик намуд.

Ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ Назарзода Маҳмуд Мирзо дар навбати худ ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрик намуда, ба собиқ ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ  барои истиқболи хуш ва таманниёти нек изҳори сипос намуд.

Роҳбари муассиса зикр намуд, Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини халқҳои ориёӣ, алалхусус форсизабонон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологии давраҳои таърихӣ, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.  Ҳатто шикасту нокомиҳо аз ҷониби ақвоми мухталиф ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистаанд, чизе аз бузургию шаҳомати ин ҷашнро кам кунанд.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Саъю  талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохтанд ва эътироф карданд.

Бо ташаббуси Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Тавсеа пайдо кардани фарҳанги наврӯзӣ ҳамовозии давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои муколамаву гуфтугӯҳо ва ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ ҳамвор сохт, ки дар ин самт, махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандаву сутуданист.

Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар ҳозиринро аз номи вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён ба муносибати ҷашни Наврӯз муборакбод намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Наврӯз аз зеботарин ҷашнҳои миллии мо-тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба шумор рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Дар доираи чорабинӣ як гурӯҳ устодону донишҷӯёни донишкада, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буданд, аз тарафи раёсати донишкада бо Сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

 

 

ҚУДРАТОВ Сино