Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Раҳбари донишкада зикр намуд, ки ин ҷашни ҳумоюн ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.
Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Пешвои миллат вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.
Ректори донишкада тазаккур дод, ки дар баробари дигар самтҳои сиёсат сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон низ аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Қайд гардид, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд.
Маҳз бо саъю талошҳои доимии Сарвари давлати мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин оини воқеан мардумӣ ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалиро касб намудааст. Дар ин раванд, мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дубора эҳё гардиданд. Жанри мусиқии Шашмақом, ёдгории Саразм, Наврӯз ва Чакан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гаштанд.
Сарвари муассиса аз андешаҳои шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷикон ёдовар шуда зикр намуд, ки, аз ҷумла, Президенти Федератсия Руссия Владимир Путин нисбат ба Пешвои миллат чунин ибрози андеша намудааст “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.
Қаҳрамони миллии Афғонистон, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти моро самимӣ дӯст медошт ва боре таъкид карда буд, ки “Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд”.
Дарвоқеъ, маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Ректори донишкада дар анҷоми суханронияш таъкид кард, ки мо бояд дар партави сиёсати ин абармард кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
Сипас, шоир, котиби Шурои олимони донишкада Синои Абуалӣ дар мавзуи “Пешвои миллат – фарзонафарзанди ваҳдатофар” суханронӣ намуда, адешаҳояшро доир ба ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саодати ватандорӣ, муҳимияти ваҳдату сулҳи сартосарӣ баён карда, якчанд шеъри тозаэҷодашро дар васфи ватан ва Пешвои миллат қироат намуд.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино