Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида  ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада  чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо суханронии ифтитоҳии табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик намуд.

Ректори донишкада тазаккур дод, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун анҷумани сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ сабт гардид, рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон — Парчами давлатӣ қабул карда шуд. Ин парчами таърихӣ ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни  соли 2007, дар рӯзҳои таҷлили 15-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ  ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуда буд, ҳифз гардидааст.

Сарварм муассиса аз таърихи парчамдории мо ёдовар шуда, таъкид намуд, ки фарҳанги парчамдории мо таърихи бостонӣ дошта, ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад. Парчами давлатӣ барои мо — тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии  халқамон  мебошад.

Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар иштирокдорони ҳамоишро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти вазорат табрик намуда, зикр сохт, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад. Ба гуфтаи мавсуф, имрӯз ифтихор аз рамзҳои давлатдорӣ дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа ҷой гирифтааст ва ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад. Аз ин лиҳоз, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои халқи тамаддунофарамон ҳамеша парафшон хоҳад буд ва мо бо арҷгузорӣ ба он дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои навбанав ноил хоҳем гашт. Мавсуф инчуни аз таърихи парчамдории мо суханронӣ намуда, зикр кард, ки мо бояд дар ростои талошҳои ҳаррӯзаамон баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани соҳаи фарҳангу санъати кишвар саҳмгузор бошем.

Дар доираи чорабинӣ як гурӯҳ донишҷӯён, ки дар мусобиқаҳои варзишии донишкада ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб гардида буданд, бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ консерти омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

 

ҚУДРАТОВ Сино