Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида  ба иди Рӯзи Модар бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода,  намояндаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов, бонувони собиқадори соҳаи фарҳангу санъати кишвар, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада  чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ чорабиниро бо сухани шодбошӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, бонувон ва ҳозиринро ба ифтихори иди фархунда — Рӯзи Модар муборакбод намуд. Мавсуф дар идомаи суханронияш тазаккур дод, ки Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Сарвари муассиса иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошии худ 7-уми марти соли 2024, яъне соли гузашта модарро ба гунаи олӣ васф намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон буда, сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад. Тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд.

   Таъкид гардид, ки бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ раванди зоҳир намудани ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон вусъати тоза касб намуда, занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир гузоштанд. Воқеан, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон, ба онҳо омӯзондани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Ректори донишкада аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, ёдовар шуда,  суханони Пешвои миллатро мисол овард, ки чунин гуфта буданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст…. Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.

Роҳбари муассиса дар анҷоми суханронии худ зикр намуд, ки дар донишкада айни ҳол 123 нафар бонувон кору фаъолият намуда истодаанд, ки аз миёни онҳо бархе дар вазифаҳои пурмасъул аз қабили муовини ректор, мудири кафедра, сардори шуъбаҳо ва роҳбари ансаблҳо ифои вазифа менамоянд. Дар миёни бонувони  донишкада номзадҳои илм, дотсентҳо,  ҳунармандони халқии Тоҷикистон ва ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон ҳастанд, ки мо аз ҳузурашон ифтихор менамоем. Омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарони донишкада дар озмунҳои гуногуни сатҳи донишкадавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида ғолибият ба даст овардаанд. Аз ҷумла, бонувони донишкада  дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доно китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” фаъолона ширкат варзида, дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷоиза гардиданд, ки дар таърихи донишкада бесобиқа мебошад.

Сипас, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода бонувони донишкада ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати иди Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон буда, имрӯз модарону бонувони мо, дар ҳама соҳаҳо, хусусан соҳаи фарҳанги кишвар фаъолияти пурсамарро ба роҳ монда, соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Тазаккур дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст.

Пас аз ироаи суханрониҳо намояндаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, як зумра бонувони донишкадаро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Аз ҷониби Раёсати донишкада низ бонувони собиқадор, як қатор омӯзгорону кормандони муваффақ аз ҳисоби бонувон ва донишҷӯдухтарон бо сипосномаҳо сарфароз гардонда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ консерти омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

 

 

 

 

 

 

ҚУДРАТОВ Сино