14 –уми майи соли 2024 дар толори «Арғунун»-и МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» тақсимоти мутахассисони ҷавон, ки тариқи буҷетӣ ва тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда, дар соли таҳсили 2023-2024 донишкараро хатм мекунанд, гузаронида шуд. Дар тақсимоти мутахассисони ҷавон сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ, Наимҷонзода Нигора — сармутахассиси шуъбаи илми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бадалова Муборак — сармутахассиси шуъбаи илми ҳамин вазорат, кормандони шуъбаи маорифи ноҳияҳои Ш. Шоҳин- Шоев Раҳматшо, ноҳияи Лахш — Аброров Турабек, ноҳияи Файзобод — Азизов Абдулло ширкат доштанд.
Сараввал ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин баромад карда, қайд намуданд, ки имсол шумораи донишҷӯёне, ки донишкадаро тибқи буҷети давлат ва квотаи Президентӣ хатм мекунанд 94 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 14 нафари онҳо бо равияи омӯзгорӣ ва 80 нафар бо ихтисосҳои корманди соҳаи фарҳанг, китобдорӣ, рӯзноманигорӣ, режиссёрӣ, санъати театрӣ, санъати мусиқӣ мансуб мебошанд. Мавсуф аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва таъмини онҳо ба ҷойҳои кори холӣ дар ҷои истиқомат ва дигар муассисаҳои таълимию фарҳангии ҷумҳурӣ, дастгириҳо ва ғамхориҳои давлат дар самти тарбияи ҷавонон ёдовар шуда, ба фаъолияти минбаъдаи онҳо аз рӯйи ихтисосҳои соҳибгаштаашон тавсияҳои зарурӣ дод.
Дар идома сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ дар бораи қоидаи ба ҷои кор ҳозир шудану нашудани мутахассисони ҷавон, ки тибқи квотаи Президентӣ ва шартномаи сетрафа бо Ҳокимияти давлатии ноҳияҳо таҳсил кардаанд, имтиёзҳо ба мутахассисони ҷавон, таъмини муссисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ бо кадрҳои ихтисосманд суҳбат намуд.
Наимҷонзода Нигора — сармутахассиси шуъбаи илми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҷеъ ба зарурати муассисаҳои фарҳангӣ ба мутахассисони ҷавон сухан ронда, ба хатмкунандагон оид ба интихоби дурусти касб ва ҷои кор маслиҳати судманд дод.
Хатмкунандагон мақсад гузоштанд, ки ҳар яке пас аз хатми донишкада ба ноҳияҳо ва маҳалҳои ҷойи зисти худ рафта, аз рӯйи ихтисос кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешравии соҳаи маориф ва фарҳанг мегузоранд. Дар анҷом сардори шуъбаи кадрҳои донишкада Ҳамидова Зарина барои омода намудани роҳхатҳои хатмкунандагон вазифадор карда шуд.