Дар доираи ҷамъбасти натиҷаҳои соли таҳсили 2025–2026 дар донишкада тақдими дастовардҳои илмии устодону кормандон дар самти робитаҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, аз ҷумла иштироки устодон дар конференсияҳои байналмилалӣ, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ватаниву хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои байналмилалии илмӣ барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқот, мубодилаи таҷриба ва муаррифии иқтидори илмии донишкада дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти калон дорад. Дар фарҷоми чорабинӣ ба профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Чувашияи Федератсияи Россия Каримов Ботур Қодирович барои саҳм гузоштан дар тақвияти ҳамкориҳои муштарак унвони илмии профессори фахрии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дода шуд. Инчунин, ба як қатор устодону кормандоне, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳм гузошта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.