Тибқи нақша чорабиниҳои МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода” имрӯз вохӯрии навбатии роҳбарияти донишкада бо падару модарони донишҷӯёни факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ доир гардид.
Ҷаласаро декани факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ Шарофиддинзод Муслиҳиддин ифтитоҳ бахшида, волидайни донишҷӯёнро барои ташрифашон ба донишкада хайрамақдам намуд. Зимни сӯҳбат бо волидон декани факултет аз рафти хониши донишҷӯён ва ҳозиршавии онҳо ба дарсҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки устодон ва кормандони факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф (муаллими суруд ва мусиқӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна ва муассисаҳои таҳсилоти то мактабӣ) мебошад, тамоми малакаву истеъдоди худро ба он равона карда истодааст, ки ҳар як супоришу дастурҳое, ки аз тарафи раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» супорида мешаванд, сари вақт софдилона иҷро намуда барои дар сатҳи зарури таёр намудани мутахассисони оянда ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд.
Дар аввали соли таҳсили 2023-2024 миқдори донишҷӯёни факултет 106-нафарро ташкил намуда дар давоми таҳсил бо сабаби қарздор шудан аз сесияи мавсими тобистонаи соли таҳсили 2022-2023, бо хоҳиши худ, иштирок накардан ба дарсҳо, 6-нафар донишҷӯ аз сафи донишҷӯён хориҷ карда шуданд. Айни ҳол дар факултет 95-нафар донишҷӯ 69-нафар писар, 26-нафар духтар, аз инҳо 21-нафар тибки квотаи Президентӣ, 49-нафар буҷавӣ, 25-нафар шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар мулоқот бо волидайни донишҷӯён доир ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ёдовар шуда зикр намуд, ки дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон иштирок ва мусоидат намоянд. Қайд гардид, ки омӯзгорон ва ҳамчунин падару модарон вазифадор ҳастем, ки фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоем. Истиқлолияти давлатӣ собит менамояд, ки дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем, таъкид намуд ректори донишкада. Профессор Низомӣ МуҳриддинЗайниддин барои ташрифи падару модарон изҳори сипос намуда зикр кард, ки барои тарбияи фаразандони Шумо дар рӯҳияи ватандориву худогоҳӣ ва соҳибкасб шудани онҳо Раёсати донишкада ва садорати факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ тамоми кӯшишҳоро минбаъд низ анҷом хоҳанд дод. Умедворем, ки фарзандони Шумо ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар рушди фарҳангу санъати миллиамон ҳиссаи босазои худро хоҳанд гузошт. Муовини ректори донишкада оид ба таълим, профессор Махсудзода Фарҳод зимни суханронии худ зикр намуд, ки вохӯриҳои мутақобилан судманд бо падару модарон боис мегарданд, ки донишҷӯён дар рафти хонишфаъолияти назаррас нишон диҳанд. Гуфта шуд, ки донишкада барои тарбия ва ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳангу санъат таёр намудани фарзадони шумо заминаи хуберо муҳайё кардааст ва танҳо аз донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки барои дуруст истифода бурдани он ва зоеъ нагузаронидани вақти худ истифода намоянд. Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Раёсати донишкада ба падару модарони донишҷӯёни фаъол сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Донишҷӯёни факулта дар навбати худ барои болидаруҳии падару модарон бо сурудани шеъру сурудҳои ватандӯстона ҳунарнамоӣ карданд.
декани факултети мусиқӣ-омӯзгорӣ
ШАРОФИДДИНЗОД Муслиҳиддин