Таърих ва марҳилаҳои ташаккули конститутсия дар Тоҷикистон

Кенҷаев Ҳ.Н.

   Конститутсия ин ҳуҷҷати таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошад, агарчӣ давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад ҳам, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамаги зиёда аз 200-сол боз амал мекунад. Моҳияти нави Конститутсия ҳифзи ирода ва манфиати халқ буда, мувофиқи он меъёрҳое муқаррар карда мешавад, ки таркиби сохтори ҷамъият, сохтори давлат ва низоми мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва салоҳияти онҳоро муайян менамояд. Конститутсияи ҳақиқӣ бояд барои рушди иқтисодӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷамъият заминаи устувор муҳайё созад. Дар таърихи башарият маҳз конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва прогресси ҷамъият гаштаанд.[1]

Конститутсия қонуни асосии давлат ё ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  қонуният ва тартиботро муайян мекунад. Дар як маврид конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.

Конститутсия аз калимаи лотинии конститутио (constitutio) — гирифта шуда, маънои барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис доданро мефаҳмонад.[2]

Дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазии-демократия ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазия пайдо гардид. Якумин шуда дар ИМА соли 1787, баъдан соли 1791 дар Полша ва Франсия конститутсияҳо қабул гардиданд, ки дар асри XIX дар аксарияти давлатҳои  Европа ҷараёни гузариш ба низоми  конститутсияҳо асосан баанҷом расид, ҳоло кам давлатҳое ёфт мешаванд, ки конститутсияҳои навишташуда надошта бошанд, ба инҳо Англия, Шветсия, Зеландияи нав, Исроил ва баъзе давлатҳои дигар мисол шуда метавонанд.

Пайдоиш ва рушди конститутсияи Тоҷикистон бошад ба барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии тоҷикон дар аҳди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) алоқаманд буда, то ҳол панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст. Давлати миллии тоҷикон мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Маркази (КИМ)-и Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ аз 27-уми октябри соли 1924 дар ҳайати  Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон (ҶШСУ) ташкил ёфт.

Марҳилаи якум: Баъди ташкилшавии Ҷумҳурии Мухтори Шурави Сотсиалисти Тоҷикистон (ҶМШСТ) масъалаи тайёр кардани Конститутсияи он бамиён омад. Анҷумани Шурои Тоҷикистон  баробари ташкили КИМ-и Тоҷикистон  ба у супориш дод, ки  то Анҷумани оянда Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистонро тайёр намояд. Анҷумани  дуюми ҶМШС Тоҷикистон 28-апрели соли 1929 Конститутсияи аввалини ҷумҳуриро  қабул кард, ки он мувофиқи  конститутсияи ИҶШС соли 1924  ва конститутсияи ҶШС Узбекистон  соли 1927  тайёр карда шуда буд.

Марҳилаи дуюм: Вале дере нагузашта аз тарафи  Анҷумани сеюми шуроҳо зарурият оид ба ташкил намудани Ҷумҳури Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) ба миён омад ва ба санадҳои Анҷумани фавқулодаи  шуроҳои Тоҷикистон  16-уми октябри соли 1929  қарор дар бораи ташкил ёфтани ҷумҳурии иттифоқӣ қабул карда шуд.[3]

Аз ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқи табдил ёфтани Тоҷикистон  дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшон  аст. Баъди ташкилёбии ҶШСТ масъалаи  аз ҷиҳати ҳуқуқи  ба танзим даровардани вазъи конститутсионии он пеш омад. Дар қарори Анҷумани 3-юми шуроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкилёбии  ҶШСТ ба КИМ супориш дода шуд, ки конститутсияи  ҶШСТ — ро тартиб дода барои қабул пешниҳод намояд.

Анҷумани 4-уми  шуроҳои Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодгардидаро муҳокима карда онро тарафдорӣ намуданд ва он бо карори худ 25-уми феврали соли 1931 конститутсияи аввалини ҶШСТ — ро қабул кард. Конститутсияи соли 1931-и Ҷумҳури Шурави Сотсиалистӣ Тоҷикистон (ҶШСТ) давраи гузариш аз марҳилаи қаблӣ (марҳилаи байни феодализм ва капитализм) ба сотсиализмро ифода намуд. Аз ин рӯ дар мавриди ғалабаи сотсиализм дар Тоҷикистон  зарурияти тайёр кардани лоиҳаи нави  конститутсия ба миён омад.

Марҳилаи сеюм: Ҳамин хулосаҳо буд, ки ИҶШС конститутсияи нав қабул кард. Дар конститутсияи ИҶШС соли 1936 ба таври ҳуқуқӣ сохти давлат, инъикос гардонида шуд. Дар Анҷумани 6-уми фавқулодаи Шӯроҳо 1-уми марти соли 1937 конститутсияи ҶШСТ қабул гардид, ки он моҳиятан ба конститутсияи иттифоқӣ монанд буд ва дар он давраи нав, давраи ғалабаи пурраи сотсиализм ифода меёфт. Конститутсия 41 сол амал кард ва дар ин мӯҳлат ба он тағйиру иловаҳои зиёде ворид гардиданд. Дар ин давра дигаргуниҳои кулли дар сохтори иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ин рӯ, масъалаи қабули конститутсияи нав ба миён омад.

Марҳилаи чорум: Санаи 15-уми июли соли 1977 иҷлосияи 7-уми ғайринавбатии Шурои Олии ҶШСТ камиссия оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави конститутсияи Тоҷикистонро ташкил кард. Лоиҳаи конститутсия 19-уми марти соли 1978 барои муҳокима нашр гардида, аз 14-уми апрели соли 1978 аз тарфи иҷлосияи 8-уми ғайринавбатии Шурои Олии ҶШСТ даъвати 9-ум конститутсияи 4-умро қабул намуд, ки он аз 10 фасл 19 боб 174 модда иборат буд.

Марҳилаи панҷум:

Давраи аввал пас аз гузаштани 12-соли қабули конститутсияи соли 1978-и ҶШСТ  дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ИҶШС баҳсу муноқишаҳо нисбати бекор кардани мавқеъи Ҳизби Камунисти Иттиҳоди Шуравӣ ба вуҷуд омад. Дар ҳамон давраҳо вазъи сиёси ва идоракунии давлат бо чунон суръате тағйир меёфтанду дигаргун мешуданд, ки ҳатто баъзе аз кормандони давлатҳои ин аъзо бехабар мемонданд. Баъд аз дигаргун гаштани вазъи сиёсӣ дар ИҶШС ва меъёрҳои конститутсияи он ба тақдири конститутсияи ҶШСТ ва ҳаёти сиёсии он бетаъсир нагузошт ва дар натиҷа зарурати тайёр намудани лоиҳаи конститутсияи нав ба миён омад. Мақсад аз тайёр намудани лоиҳаи нави конститутсияи Тоҷикистон ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳуқуқӣ дар ҳайати ИҶШС буд. Ин ҷараён фақад ба Тоҷикистон хос набуд, балки ҳамаи ҷумҳуриҳои аъзои ИҶШС низ чунин мақсадро дар назди худ гузошта буданд. Мувофиқи қарори Шурои Олии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 1990 камиссияи конститутсионӣ оиди тайёр намудани лоиҳаи конститутсияи нави Тоҷикистон бо сардории раиси Шурои Олии Тоҷикистон котиби 1-уми Кумитаи Иҷроияи Партияи Камунистии Тоҷикистон Қ.Маҳкамов дар ҳайати 53 нафар ташкил ёфт. Қадами аввал барои амали гардонидани мақсадҳои дар боло зикргардида, қабули Эъломияи истиқлолияти ҶШСТ аз 24-уми августи соли 1990 гардид. Аммо давоми кори тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи Тоҷикистон бинобар барҳам хурдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд. Дар ин хусус 9-уми сентябри соли 1991 Эъломияи мазкур ба ҳолатҳои наве бой гардонида шуд, ки онҳо заминаҳои соҳибихтиёрии Тоҷикистонро боз ҳам васеъ гардониданд.

Давраи дуюми тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи Тоҷикистон баъди барҳам хурдани ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд.

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи рушди худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.

Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъияти эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар ба вуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Мувофиқи қарори Шурои Олии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 1992 ба ҳайати камиссияи конститутсиони тағйирот дароварда шуд. Раиси камиссия президент Р.Набиев тасдиқ гардид. Мувофиқи амри президент аз 10-уми феврали соли 1992 гуруҳи кори дар ҳайати 9-нафар ташкил ёфт. Ин гурӯҳ дар мӯҳлати муқарраршуда лоиҳаи конститутсияро тайёр карда ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард ва он бо қарори худ аз 22-юми апрели ҳамон сол лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия намуд. Лоиҳаи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли 1992 дар матбуот барои муҳокима интишор гардид.  Мӯҳлати ҷамъбасти муҳокима то 1-уми июли соли 1992 муқаррар шуд. Лоиҳаи мазкур аз муқаддимаи мухтасар 7 фасл, 12 боб, 136 модда иборат буд.  Чуноне, ки ба ҳамаи мову шумо маълум аст аз сабаби он ки дар дохили мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ мавҷуд буд ва низоҳо барои дигаргун кардани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият хеле дар маркази мамлакат шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои он муташаккил ҷараён дошт. Халқ аз таҳлукаи ҷанг ва гуруснагӣ овора буда, ба ин лоиҳаи конститутсия ҳеҷ аҳамияту муҳокима намекарданд ва шароити чунин муҳокима ҳам мавҷуд набуд.

Саршавии давраи сеюми  кори тайёр кардани лоиҳаи конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз баргузории иҷлосияи 16-уми Шурои Оли ва раиси Шурои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалии Раҳмон оғоз гардид.

Иҷлосияи мазкур дар барқарор гаштани  сохти конститутсионии кишвар нақши бузург бозид, зеро танҳо дар шароити вазъи солими ҷомеа, фаъолияти мӯътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ қабули конститутсия  имконпазир буд. Ҳанӯз дар ҳамон давра раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон 12-уми декабри соли 1992 чунин муроҷиат намуда буданд, ки «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст» Баъдан  иҷлосияи 17-уми Шурои Олӣ аз 26-уми июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати камиссияи конститутсионӣ қарор  қабул намуд. 4-уми сентябри ҳамон сол 1-умин маҷлиси ин камиссия барпо гардид ва дар он зарурияти аз нав сар кардани кор оиди лоиҳаи конститутсия қайд гардид. Дар бораи рафти тайёр кардани лоиҳаи конститутсия дар иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот шунида шуд. Дар иҷлосия раиси камиссияи конститутсиони гуруҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи конститутсияи нав ташкил намуд.

Дар давоми шаш моҳ гурӯҳи корӣ ду лоиҳаи конститутсияро омода кард.  Як лоиҳа ба шакли идораи парламентӣ ва лоиҳаи дигар ба шакли идораи президентӣ бахшида шуда буд. Комиссияи конститутсионӣ дар натиҷаи муҳокима лоиҳаи конститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, маъқул дониста, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард. Илова бар ин аксари шахсоне, ки дар муҳокимаи лоиҳа иштирок доштанд, ҷумҳурии президентиро ҳамчун шакли идоракунии давлати Тоҷикистон тарафдори карданд. Лоиҳаи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи карори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Дар муддати зиёда аз ду моҳ муҳокимаи лоиҳа аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ба Шурои Олӣ ворид гардид. 21-22-юми июл конститутсия дар иҷлосияи 19-уми Шурои Олӣ муҳокима гардида, ба райъпурсӣ тавсия карда шуд. Лоиҳаи ба райъпурси пешниҳодгардидаи конститутсия аз дебоча, 10 бобу 100 модда иборат буд. 7-уми сентябри соли 1994 Иҷлосияи 20-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати анҷоми райъпурсиро аз 25-уми сентябр то 6-уми ноябр дароз кард.

Бо ҳамин натиҷаҳо 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурси умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонуни гирифт. Натиҷаи расмии раъпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар райъпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4 фоиз ширкат варзиданд. Бо тарафдории  Конститутсия 2352554 нафар ё ки 87,59 фоиз овоз доданд.[4]

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.

Нақши таърихии конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.[5]

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии  ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории  Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои  иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва  ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Он нахустин қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки паз аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид.

Дар паёми табрикотии худ Президенти ҶумҳурииТоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба муносибати рузи қабули Конститутсия ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин ибрози ақида намуда буданд: «Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд”.

Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳими давлат сабт шуд ва кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

Манфиатҳои миллии давлат дар меъёрҳои конститутсия таҷассум ёфта, афзалияти онҳо бо дарназардошти эътирофи расмии санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ пурра ба инобат гирифта шуданд. Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард.   Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад. Дар заминаи Конститутсия бо дарназардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.

Бо тақозои тағйиротҳои дар ҷамъият рухдода се маротиба, яъне 26- уми сентябри соли 1999, 22 – юми  июни соли 2003 ва 22 – уми майи соли 2016 ба конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, соли 1999 ба 22 модда, соли 2003 ба дебоча, 54 модда ва муқаррароти умумӣ ва соли 2016 ба 40 модда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки дар маҷмӯъ барои ҷавобгӯи талаботи замон будани Конститутсия ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд мусоидат намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону  ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрузу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст.[6]

Умуман вақте, ки кас ба мазмун ва моҳияти меъёрҳои Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шинос мешавад, хоҳ нохоҳ сарчашмаи пайдоиши ин меъёрҳои тақдирсози миллатро дарк карда метавонад. Аз ин рӯ, набояд фаромуш кард,ки чунин меъёрҳои дар ҳаёти мардум суфта гашта, пеш аз хама аз қаъри асрхо, аз дуриҳои дур аз қалб ва хуни миллати мо сарчашма гирифтаанд. Ба ҷумлаи чунин заминаҳои урфӣ-ҳуқуқӣ метавон фармудаҳои нахуст сиёсатмадори миллати форс, ё бешак нахуст сиёсатмадори башарият Куруши Кабирро аз «Эъломияи ҳуқуқи башар», ки зиёда аз дуюним ҳазор сол пеш қабул кардааст, номбар кардан мумкин аст. Дар эъломияи худ Куруши Кабир аз ҷумла, таъкид кардааст: «…Ман эълон мекунам,ки ҳар кас озод аст, ҳар дину ойинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳарҷо, ки мехоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна, ки муътақид аст ибодат кунад ва муътакидоти худро ба ҷо оварад ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад».

Қобили зикр аст, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо таърихи чандҳазорсолаи худ воқеан сазовори чунин конститутсияе, ки ифодакунандаи ҳама гуна нияту амалҳои поки миллат ва давлатӣ вокеъан сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, гардидаанд. Ин хуҷҷат, аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва такдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафти ҷомеаро муайян сохт.

Чи хеле ки ба ҳамаи мо маълум аст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.[7]

Аз ҷониби дигар, моҳият ва мӯҳтавои ин санад, ки ба воситаи райъпурсӣ қабул гардидааст, барои ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини ваҳдати миллӣ  ва сулҳу суботи кишвар замина гузошт.

Гарчанде Конститутсия санади хаҷман хурд намояд ҳам, аммо ба сифати қонуни асосӣ ва олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, фаъолият ва салоҳияти мақомотҳои муҳимтарини давлатӣ аз ҷумла қонунбарор, иҷроия ва судиро муайян менамояд.

Мутобики моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин меъёр бори дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медихад ва  Конститутсия аз они халқ буда, барои мардум хизмат мекунад. Ҳаминро зикр намудан ба маврид аст, ки сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ шинохта шудани халқ, яке аз нишонаҳои нави идоракунӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон буда, аз дигар усулҳое, ки дар гузашта истифода мегардиданд, ба куллӣ фаркият дорад. Аз ин рӯи тибқи ин усул тамоми шаҳрвандон бемамониат шахсан ва ё ба воситаи интихоби вакили хеш, дар идоракунии давлатӣ ширкат варзида, фикру ақидаҳои худро озодона баён карда метавонанд.

Ҳамчунин мавҷудияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, гуногунандешӣ, озодии сухан ва интихобот мазмуну муҳтавои Конститутсияро ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда низоми демократиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунад.

Яке аз хусусиятҳои дигари Конститутсия боз дар он ифода мегардад, ки  мутобиқи моддаи 5-ум он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошад, ва ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд, ва давлат ӯхдадор гаштааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Дигар аз хусусиятҳои Конститутсия дар он ифода мегардад, ки мутобиқи моддаи 40 – уми он ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.

Хусусияти дигари Конститутсия дар он ифода мегардад, ки мутобиқи моддаи 41 – уми он ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Ҳар як меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёру принсипҳои умуми эътирофшудаи байналмиллалӣ мебошал, зеро асоси он бевосита  аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар сарчашма мегирад.

Тибқи моддаи 1-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ ба ҳам  баробар ба дунё меоянд.[8]

Дар ин самт Тоҷикистон хамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмиллалиро, ки эътироф менамояд, ҳамчун қисми  таркибии  низоми ҳуқуқии кишвар эълон намудааст.

Конститутсия бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, бо иродаи мардуми Тоҷикистон қабул гардид, ки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони Амрико ва Россия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ гирифта, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бошад Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони моро дар қатори (панҷ) конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилот ҷой додааст.[9]

Дар асоси меъёрҳои Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва рушди озодонаро фароҳам меоварад.[10] Аз ин сабаб, тақвият бахшидан ба таъминоти иҷтимоии ахолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг яке аз  ҳадафхои асосии давлату ҳукумат ба шумор меравад.

Конститутсияи ҶТ дар тӯли 30 соли мавҷудияти худ барои устувории ҳокимияти давлатӣ, қонуният, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина гузошт ва симои сиёсии  Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Конститутсия дар ҳақиқат бахтномаи миллатҳои Тоҷикистон ба шумор меравад ва ин амр моро водор месозад, ки онро хамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром, риоя  ва ҳифз намоем.

   Хулас эҳтиром ва риояи меъёрҳои конститутсия, талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.

 Адабиётҳо 

 [1] Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи њуќуќ  ва давлат. Китоби дарсї. – Душанбе. – 2000.  – С. 115.

[2] Тафсири илмию оммавии Конститутсияи (Сарќонуни)Љумњурии Тољикистон. Душанбе. – 2009. – С. 15.

[3] Мањмудов М., Рањимов М. Асосњои давлат ва њуќуќ. Китоби дарсї. Душанбе. — «Маориф ва фарњанг». – 2006. – С. 17.

[4] Тафсири илмию оммавии конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе. – Ирфон. – 2009.  – С. 7.

[5] Паёми табрикотии Президенти ЉТ Эмомали Рањмон ба муносибати 17-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќоннуни) Љумњурии Тољикистон аз 06.11.2011 шањри Душанбе .

[6] Сотиболдиева Ш. Ифодагари манфиатњои олии миллат // Љумњурият 2014, 11 октябр.

[7] Чархи Гардун. 2011, 14.07.Начало формыКонец формы

[8] Эъломияи умумии њуќуќи башар. – Душанбе, 2006.

[9] Љумъазода И. // Љумњурият 2014, 23 октябр.

[10]  Конститутсияи (Сарќонуни)Љумњурии Тољикистон. Душанбе, 2003.