Таълиму тарбия дар ҳама давру замон ҳамчун нерӯи асосии пешрафти миллату давлат дониста шудааст. Миллате, ки ба илму маърифат такя мекунад, ба қуллаҳои баланди тараққиёт мерасад ва ҷомеае, ки тарбияро арҷ мегузорад, ояндаи солиму дурахшони миллатро таъмин менамояд. Имрӯз, вақте оид ба рушди кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан мегӯем, пеш аз ҳама аз нақши муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони дилсӯз ва шогирдони ватандӯст ёд мекунем.
Миллати тоҷик аз давраҳои қадим илму маърифатро ҳамчун оини зиндагӣ қабул кардааст. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон илму дониш ва таълиму тарбияро омили асосии рушди давлат медонанд ва борҳо таъкид намудаанд, ки: «Ояндаи давлату миллатро мактабу маориф муайян мекунад.»
Дар ин раванд, чуноне Ҳаким Фирдавсӣ мефармояд: «Тавоноӣ зи дониш шавад, нобудӣ зи нодонӣ». Ин суханҳо баёнгари онанд, ки ҳамаи пешравиҳо аз дониш сарчашма мегиранд ва нодонӣ сабаби пастравӣ ва нобудӣ мегардад. Абӯалӣ ибни Сино, бузургтарин олиму файласуфи ҷаҳон бар ин ақида буд, ки инсонро танҳо тавассути тарбия ба камол расонидан мумкин аст. Ӯ таъкид мекард: «Тарбия қудрате дорад, ки аз инсон ҳайвон месозад ва аз ҳайвон инсон». Ин андеша то имрӯз арзиши худро гум накардааст. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони рақобатпазир мо бояд ин ҳақиқатро бештар эҳсос намоем, ки бе донишу тарбия ҷомеаи солим пайдо намешавад.
Асри XXI даврони технологияи муосир буда, пешрафти рақобати зеҳнӣ ва иқтисодиёти донишбунёд мебошад. Барои ин ки мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон омода намоем, сатҳу сифати таълиму тарбия бояд ҳамқадам бо рушди технологияи муосир бошад. Имрӯз на танҳо омӯзиши илмҳои дақиқу гуманитарӣ муҳиму зарурист, балки тарбияи ватандӯстӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар маркази диққати ҳар яки мо бояд қарор гирад. Муассисаҳои таълимӣ танҳо ҷойи гирифтани дониш нестанд, онҳо маркази ташаккули инсони комиланд. Дар муассисаҳои таълимӣ фарзандон на танҳо хондану навиштан меомӯзанд, балки ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон, дӯстдории Ватан, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳисси ҳамдигарфаҳмиро дар худ ба вуҷуд меоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид мекунанд, ки рушди воқеии кишвар аз сатҳи маориф вобаста аст. Сухани маъруфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо барои пешрафти илму маориф ҳама шароит фароҳам меорем, аммо натиҷаро бояд омӯзгор бидиҳад» дар ҷомеа вазифаи омӯзгорро боз ҳам масъулиятноктар мегардонад.
Бо такя ба ҳамин роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, имрўз сиёсати давлатии мо ба таҳким ёфтани пойгоҳи кадрӣ, баланд бардоштани сифати таълим, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои омўзгорону шогирдон ва рушду инкишофи зеҳнии насли ҷавон равона шудааст. Таълиму тарбия на танҳо вазифаи мақоми давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад.
Чӣ тавре ба мо маълум аст, солҳои охир дар кишвар садҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта шуда, мактабҳои кӯҳна таъмиру азнавсозӣ гардидаанд. Барои омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, барномаҳои нави таълимӣ ва низоми кредитии таҳсилот ҷорӣ шудааст. Инчунин, технологияҳои муосири таълим вориди синфхонаҳо гардидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки таълиму тарбия дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дорад ва роҳбарияти кишвар барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорат тамоми имконотҳоро истифода мебаранд.
Имрӯз дар баробари техникӣ шудани ҷаҳони муосир, тарбия ва ахлоқи ҷавонон низ бояд ба таври ҷиддӣ идорагарӣ шавад. Барои ин:
- Сатҳи дониш ва малакаи омӯзгоронро бояд баланд бардошт. Омӯзгор бояд ҳамқадами технологияҳои нав бошад. Беҳтар аст, ки омӯзгор ҳамарӯза донишашро такмил диҳад, нашрияҳоро мутолиа намуда, дар курсҳои такмили ихтисос иштирок намояд.
- Ворид намудани технологияҳои муосир ба раванди таълим. Имрӯз омўзгор бояд на танҳо китоб, балки технологияҳои рақамиро истифода барад, то ки таълим ҷолибу самаранок гардад.
- Робитаи оила ва муассисаи таълимӣ бояд мустаҳкам гардад.Зеро фаромўш набояд кард, ки тарбияи кӯдак танҳо вазифаи омӯзгор нест. Падару модар, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки дар ташаккули шахсияти солим саҳми хешро гузоранд.
- Дар ҳама муассисаҳои таълимӣ тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстӣ боз ҳам густариш ёбад. Зеро ҷавоне, ки ба Ватану миллат содиқ аст, дар оянда барои ҷомеа хизматҳои шоиставу шоёне мекунад.
- Муассисаҳои таълимӣ бояд муҳити бехатар, пок ва созанда бошанд. Чун фарзанд дар муассисаи таълимӣ на танҳо дониш, балки амният, муҳаббат ва дастгириро эҳсос кунад.
Таълиму тарбия бунёди ҷомеа мебошад ва бе мактаб давлату миллат пешравӣ карда наметавонад. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки: «Ояндаи давлат дар дасти омўзгор аст». Аз ин рӯ, мо омӯзгорон бо масъулият ва рисолати хеш бояд пайваста кӯшиш намоем, ки фарзандони мо соҳибмаърифат, соҳибақл, боодоб, ватандӯст ва мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир гарданд.
Имрӯз вазифаи ҳамаи мо баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, эҳтиром ба омӯзгор, дастгирии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои насли оянда мебошад. Танҳо бо ин васила мо метавонем ба пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуда, сарзамини азизамонро ба кишвари пешрафтаи илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ табдил диҳем.
Набиев Ҳ.И.- Сардори раёсати таълими
«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»