Имрӯз ҳайати сарбозону афсарони қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварданд, ки бо иштироки онҳо ва ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, афсарони шуҷоъи Ватан ва ҳозиринро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.
Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи бисёр печида ва ҳассос дар замоне ки ҳанӯз дар кишвари мо ҷанги таҳмилии аз тарафи гурӯҳҳои манфиатталаб тарҳрезишуда дар ҷараён буд, таъсис ёфтаст. Вале новобаста ба шароити ҳассос ҷомеаи кишвари тозаистиқлоли мо ба оғоз ва дурнамои ин неруи қудратии навтаъсис хушбин буданд. Зеро баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идораи давлат, ки дар ҳоли суқут қарор дошт, танзим ва шуълаи умед ба фардои дурахшони Ватан ба дилҳо роҳ ёфта буд. Ҳоло бо гузашти 33 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, иқтидори мудофиавии кишвари мо аз сифр то ба ҳолати имрӯзӣ расидааст.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриашон бо сарбозони кишвар доимо таъкид мекунанд, ки шахсан ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.
Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мо ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш — қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани гуфтаҳои боло пас аз суханпонии ректори донишкада ба сарбозон дар фазои тантанавӣ китобҳо гуногуни бадеӣ тақдим карда шуд.


