Таърих гувоҳ аст, ки ду халқи ҳамсояву бародар — тоҷикону ӯзбекон асрҳо боз паҳлӯ ба паҳлӯ кору зиндагӣ мекунанд. Тақдири таърихии ин халқҳо ва фарҳанги тӯли асрҳо офаридаи онҳо ба ҳам омезиш ёфта, якдигарро бою ғанӣ намудааст. Нуқтаи олӣ ва ибратомӯзи дӯстии ин ду халқ — ҳаёт ва фаъолияти эҷодиву ҷамъиятии ду абармарди шеъру шоирӣ, устоду шогирд ва дӯстони ҷонӣ – Ҷомию Навоӣ мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати дохилию хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, фароҳам овардани заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳо равона намудааст. Рушди ҳамкориҳои бисёртарафаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ба манфиати миллии кишвар буда, роҳбарияти Ҷумҳурӣ баҳри татбиқи амалии он пайваста саъйу талош меварзад.

Дар робита ба ин муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти махсус дорад. Робитаҳои дуҷонибаи ин кишварҳо дар соҳаҳои гуногун мунтазам васеъ гардида, дар роҳи инкишофи дӯстиву ҳамгироии беш аз пеши тоҷикону ӯзбекон заминаҳои хуб мегузоранд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд»

Таърихи халқҳои тоҷикону ӯзбекон ниҳоят наздик ва аз бисёр ҷиҳат ба ҳам монанд аст. Наздикӣ ва ба ҳам монанд будани таърихи ин ду халқ ба ҷойгиршавии ҷуғрофии ин ду кишвар асос меёбад: ҳам тоҷикон ва ҳам ӯзбекон дар як мавзеи фарҳангиву ҷуғрофӣ, яъне дар Осиёи Марказӣ ҷойгиранд. Солҳои тулонӣ мардуми тоҷику ӯзбек дар фазои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва табиист, ки ин омил низ дар ба ҳам омадани сарнавишту шеваи зиндагии онҳо бетаъсир намондааст.

Чуноне, ки академик Бобоҷон Ғафуров зикр намудааст: «Сатҳи зичтарини робитаи мутақобилаи тоҷикону ӯзбекон ба наздикии этникии ташаккули ин мардум асос меёбад. Ҳам ӯзбекҳо ва ҳам тоҷикон аз неъматҳои мероси фарҳангии якдигар истифода мебаранд. Ин далел дар сатҳи махсусияти моддии фарҳангӣ, урфу одат ва анъана, эҷодиёти халқ ва санъат зоҳир мегардад. Илова бар ин,  ин сарҳадҳо то ба ҳамин дараҷа аз байн рафтаанд, ки мансубияти воқеии онҳоро муайян кардан мушкил аст».  Аввалин давлати мутамарказу пуриқтидори тоҷикон 1100 сол пеш аз ин ба вуҷуд омад ва тоҷикон маҳз дар ҳамин давраи таърихӣ ҳамчун халқият ташаккул ёфтаанд. Забони тоҷикии форсӣ чун забони илму фарҳанг ва тамаддун ташаккул ёфт ва ифодагари мероси гаронбаҳои маданияти тоҷикон гардид.

         Инқилоби моҳи октябри соли 1917 дар Россия табаддулоте буд, ки чархи таърихро дар «шашяки рӯи замин», аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ дигар кард. Қавму халқҳои ин минтақа тавассути инқилоби мазкур соҳиби давлати нисбатан мустақили худ гардиданд. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ воқеан, фосилаи таърихие буд, ки худшиносии миллии халқҳои гуногун ба қадри имкон сурат гирифта, ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти мардум, сиёсату иқтисод, илму фарҳанги онҳо инкишоф ёфта, ба сатҳи муайяни тамаддуни умумибашарӣ расиданд.

Иттиҳоди Шӯравӣ ин ду халқро аз нав дар ҳайати як давлат муттаҳид намуд ва барои рушди онҳо шароити мусоид фароҳам сохт. Пошхӯрии давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ боиси таъсиси давлатҳои нави соҳибистиқлол гардид. Халқҳои тоҷику ӯзбек баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои мустақили худро эълон намуданд.

1 сентябри соли 1991 Ӯзбекистон, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд. Тоҷикистон бо дарназардошти умумияти таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони рушду таҳкими робитаҳо бо ҳамсоядавлати ӯзбек буд. Робитаҳои мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикӣ асос меёбанд. Ин ба муколамаи сиёсии ду давлат дар сатҳи баланд мусоидат менамояд.

Тоҷикистон аз оғози соҳибихтиёрӣ сиёсати ҳамсоягии нек, ҳамзистии осоишта ва даҳолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигарро пеш гирифта, равобити худро бо кишварҳои дигари ИДМ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ низ инкишоф медиҳад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон 31 августи соли 1991 дар сессияи шашуми ғайринавбатӣ истиқлолияти хешро эълон кард ва ҳамасола рӯзи1 сентябр Рӯзи Истиқлолияти хешро ҷашн мегирад. Солҳои аввали истиқлолият барои Ӯзбекистон низ бо душвориҳо паси сар мешуд, чунки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ алоқа миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ канда шуд ва ин таъсири худро ба ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон низ расонид. Зеро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии кишвар давраи нави сарнавиштсоз оғоз ва мавҷи тағйироту ислоҳотҳо паҳлуҳои гуногуни ҷомеаро фарогир шуд.

Омили дигаре, ки таҳкими равобити минтақавӣ ва мавқеи ягонаи кишварҳоро тақозо менамояд, ин мубориза барои захираҳои ашёи хом ва қудратталабӣ дар шароити маҳдудшавии босуръати захираҳои табиӣ, рақобати шадиди иқтисодӣ ва имконияти амалан номаҳдуди техникӣ, ҳамчунин мубориза барои дастёбӣ ба захираҳои стратегӣ ва назорати минтақаҳои дорои аҳамияти ҳаётӣ ва иқтисодӣ мебошад. Ин раванд қабл аз ҳама хоси минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки солҳои наздик нуктаи муҳими рақобати геополитикӣ ва геостратегии қудратхоҳони ҷаҳон хоҳад гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар шумори аввалинҳо истиқлолияти давлатии ҳамдигарро ба расмият шинохтанд ва ба таърихи муносибатҳои навини миёни ду кишвар ҳусни оғоз бахшиданд.

Бори нахуст баъд аз соҳибисиқлолӣ 22 октябри соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардид. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки бар асоси эътироф ва эҳтироми мутақобилаи истиқлолияти давлатӣ, принципҳои баробарҳуқуқӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, танзими масъалаҳои мавриди баҳс бо роҳи гуфтушунид ва меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ кор мегиранд.

Махсусан, пас аз боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон аз Тошканд (солҳои 1998, 2000, 2001, 2018) ва сафарҳои Ислом Каримов — Президенти собиқи Ӯзбекистон ба Душанбе (солҳои 2000, 2002) ва Шавкат  Мирзиёев-Президенти кунунии Ӯзбекистон (соли 2018) дар равобити чандинҷонибаи ду кишвар беҳбудӣ ва пешравии қобили таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Аз оғози давраи истиқлолият то ба имрӯз дидору вохӯриҳои расмиву ғайрирасмии ду ва чандҷонибаи роҳбарони ду кишвар, табодули ҳайатҳои намояндагони ҳар ду тараф дар сатҳҳои гуногун мунтазам сурат гирифта, дар роҳи ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда ва ривоҷи робитаҳои серҷанба саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шудааст.

Дар ҷараёни ин гуна боздидҳо зиёда аз 160 санад роҷеъ ба масоили гуногуни ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, сиёсат, илму фарҳанг ва ғайра ба имзо расидааст. Айни замон робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тамоми арсаҳо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Аз тарафи дигар мавҷудияти умумиятҳои таърих, расму ойин, дину фарҳанг заминаи мусоидро барои рушду такомули робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ ва тиҷоратию саноатӣ миёни кишварҳо фароҳам овардаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

    Холибоева Нарзиой 

Омӯзгори калони кафедраи

     бойгонишиносӣ