ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

  Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд: “Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои асосӣ дар сайёра ба ҳисоб меравад”. Аз ин рӯ, солҳои охир дар тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ қариб дар ҳамаи фаслҳо дигаргуншави иқлим, бахусус обшавии пиряхҳо, баланд гардидани ҳарорати боду ҳаво ва ғайра ба назар мерасад. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилотҳои глобалии замони имрӯза ба шумор рафта, оқибатҳои манфии он бевосита ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт, алалхусус ба саломатии инсон таъсирашро мерасонад. Бонги хатари ин мушкилот, махсусан нисбати захираҳои обӣ, ки дар муносибат ба тағйирёбии иқлим ниҳоят нозуканд, дида мешавад. Кӯҳҳои Помир манбаи асосии ташаккулёбии обҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, ки 65%-и онро ташкил медиҳад. Маҳз дар ин минтақа қисмати зиёди захираи обии Осиёи Марказӣ мавҷуд аст. Захираҳои обии Помир аз оби дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо ва қабати барфӣ иборат аст. Помир калонтарин минтақаи яхбандии ҳозиразамон ба шумор рафта, дар ҳудуди он беш аз 6 ҳазор пиряхҳо, ки 7493 км2-ро ташкил медиҳанд, ҷойгиранд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли солҳои 1956-1990 ҳаҷми пиряхҳои Осиёи Марказӣ беш аз се маротиба кам шудааст. Олимон бар ин андешаанд, ки ҳангоми бо чунин суръат идома ёфтани раванди афзоиши ҳарорат то соли 2100 дар ҷумҳурӣ қариб ки пирях намемонад. Агар чунин паёмад рух диҳад, сокинони кураи Заминро оқибатҳои ниҳоят нохуш интизор аст, яъне шумораи зиёди офатҳои табиӣ, ба монанди обхезӣ, сел, ярч ва хушксолӣ афзоиш ёфта, бо ҳамин ҳаёти ҳазорҳо одамон дар зери хатар монда, ҳамзамон ба авҷи намудҳои бисёри касалиҳои сироятӣ боис мегардад. Тағйироти иқлим инчунин сабаби ба вуҷуд овардани раванди биёбоншавӣ гардида, майдони он то соли 2100 то 2 маротиба меафзояд.

Аз ин лиҳоз, тадқиқи ҳар чи пурраи омилҳое, ки ба таври манфӣ ба ҳолати умумии он таъсир мерасонанд, дар мисоли минтақаҳо ва зонаҳои алоҳида, аз нав дида баромадан ва такмили усулҳои бурдани корҳои хоҷагидорӣ, таҳлили муфассали ҳолати ҳозираи онҳо ва омилҳое, ки устуворияти онҳоро вайрон мекунанд, зарурият дорад. Аз ин нуқтаи назар, ба қатори мушкилотҳои муҳим, ки зарурияти ҳаллу фасли фавриро талаб мекунанд, тадқиқ ва амалӣ намудани масъалаҳо ва чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамоем:

— омӯзиши ҳаракати тағйирёбии иқлим дар баландиҳои гуногун дар асоси ҷорӣ намудани комёбиҳои навтарини илм ва технологияи ҷаҳонӣ;

— омӯзиш ва таҳлили таъсироти тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои табиӣ, ба нигоҳдории гуногуннавъии он, ба ҳайвонот ва набототи хоҷагии қишлоқ;

— беҳтар намудани системаи мониторинги муҳити табиӣ ва таъсис додани бонки маълумотҳо дар минтақаи пайдоиши захираҳои обӣ;

— коркарди барномаи ояндадор оид ба истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, бо об таъмин намудани хоҷагиҳои коммуналӣ-маишӣ, хоҷагиҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ дар ояндаи наздик;

— таъсис додани механизми идоракунии якҷоягии захираҳои обии Помир ва ҳам ба манфиати рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодии ҳамаи мамлакатҳои минтақа ва ҳам бо мақсади ҷалби сохторҳои давлатӣ, хоҷагидорӣ, илмӣ ва ҷамъиятии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мушкилоти инкишоф додан, ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обии минтақа аст.

Дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки рӯзҳои 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои муаззами миллат ва роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи мамлакатҳои дунё баргузор гашт, ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид. Дар конфронси мазкур таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Сарвари давлат ҳамзамон зикр намуданд, ки мо барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ низ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кардаем. Аз ҷумла, барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025» амалӣ карда мешавад.

Таҳияи «Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040», «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032», таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об ва «Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040» аз иқдомҳои муҳими кишвари мо дар самти ҳалли мушкилоти об ва иқлим номида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барномаву стратегияҳои мо дар ин самт масъалаҳои вобаста ба беҳбуди маданият ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро низ дар бар мегиранд.

«Мо талошҳои худро барои гузаштан ба «иқтисоди сабз» дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд» изҳор доштанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба масъалаи дигари рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуданд.

Зикр гардид, ки маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ 21 март ҳамасола ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯзҳо Тоҷикистон дар қатори давлатҳои абарқудрати ҷаҳон аз ҳисоби захираҳои обӣ ҷойи намоёнро ишғол намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масоҳат дар дунё ҷой 85-умро ишғол намуда, аз рӯи захираҳои обӣ баъд аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Ҳиндустон ва Канада дар ҷой 8-ум қарор дорад. Дар ҷаҳони муосир яке аз мушкилотҳои глобалӣ ин норасогии оби ошомиданӣ мебошад. Ин масъала мавриди муҳокимаи олимон, муҳаққиқони соҳа, сиёсатмадорони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар секторҳои ҷамъиятӣ қарор дода шудааст. Об омили муҳими ҳаёт дар сайёраи Замин барои тамоми мавҷудоти зинда ба шумор меравад. Об сарчашма ва манбаи ҳаёт, асоси зиндагӣ, саломатӣ ва зебоӣ буда, муъҷизаи беҳамто ва неъмати бебаҳои табиат аст. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол дар ҷаҳон аз ҳисоби нӯшидани оби ифлос 3-млн одам ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Дар рӯи олам бошад, қариб 1,2 млрд одамон имконияти дарёфти оби ошомиданиро надоранд.

  

 

 

 

 

 

ХОҶАЕВ ҶАМШЕД

Сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона