Дигаргуниҳои дар ҳаёти ҷомеаҳои муосир баамаломада аз як тараф доираи ҷустуҷӯҳои башариятро барои эҷоди ҳарчи беҳтари асосҳои зиндагии мардум васеъ намуда бошад, аз тарафи дигар масъалаҳои зиддиятнокеро ҳам тавонист ба вуҷуд орад, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ низ наметавонад аз онҳо дар канор монад. Масъалаҳои мазкури зиддиятнокро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа пайдо кардан мумкин аст, ки таъсирашон ба ҷанбаҳои ташкили фазои босуботи маънавӣ, аз ҷумла ҷанбаи ахлоқию арзишии он хеле равшан ба назар мерасад. Зеро зарфияти ахлоқию маънавии инсон ҳамеша ҳамқадами дигаргуниҳои дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа амалкунанда аст.
Масъалаҳои ахлоқии ҷавонон, арзишҳои маънавӣ ва зебоипарастӣ падидаҳоеанд, ки дар ҳама давру замон талаботи аҳли ҷомеаро ташкил дода, рафтор, кирдор ва сирати инсонҳоро дар ҷомеа таҳти назорат қарор медиҳад. Масъалаҳои мазкур дар замони муосир низ яке аз масоили мубрамест, ки нописандона рафтор кардан нисбат ба онҳо метавонад теша бар решаи нахли пурсамари ҷамъияти инсонӣ бизанад. Зеро ҷамъияте, ки дорои ахлоқи ҳамида, маънавиёти баланди инсонӣ ва дониши назариявию амалии зебоипарастӣ намебошад, ҷамъияти нокомил аст. Ин ҷанбаҳои асоси дар ҷомеаи имрӯза ва рушди арзишҳои фарҳангии ҷомеаи мо замина гузошта, барои тарбияи ҷавонон мавқеи асосиро дорад.
Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон масалаҳои ахлоқ, маънавиёт ва зебоипарастӣ мавриди таҳқиқу баррасии олимони ҷаҳон, аз он ҷумла олимони намоёни халқи тоҷик қарор дода шудааст. Дар ин робита қабл аз ҳама моро зарур аст, ки истилоҳи «ахлоқ»-ро маънидод намоем.
Истилоҳи «ахлоқ» калимаи арабӣ буда, маънои ҷамъи хулқу, рафтору кирдор, сиратро ифода менамояд. «Ахлоқ — яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои асосии муносибати байни ҳамдигарӣ, оилавӣ ва ҷамъиятии одамон аст», — ахлоқи ҷамъиятиро чунин шарҳу тавзеҳ додаанд олимони муосири тоҷик. Аммо тарбияи маънавӣ асоси илмию назариявии пайдоиши он аз истилоҳи “ахлоқ”, сарчашма гирифта, ки “маънавиёт”-и инсон аз он ташаккул ёфтааст, таърихи басо қадим дорад.
Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониши фарҳангию маданӣ ва зебоипарастии ҷавонон ва тарбияи маънавии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷомеаи имрӯза, омили болоравии сатҳи ахлоқии онҳо гардида метавонад. Бинобар ин, месазад, ки ин омилҳоро ҳар як омӯзгоро барои баланд бардоштани касбияти худ дар муассисаҳои олии кишвар аз бар намоянду донанд.
Масъалаҳои тарбияи маънавӣ ва ахлоқу зебоипарастиро мавриди омӯзиш қарор дода, вижагиҳои ахлоқро ошкор намуда, илми ахлоқ ва зебоишиносӣ ҷойгоҳ, мақом ва нақши онҳоро дар маданияти инсонӣ муайян сохта, нишон медиҳад, ки тарбияи маънавӣ, ахлоқ ва зебоипарастӣ на танҳо соҳаҳои мустақили ҳаёти ҷамъияти инсониро ташкил медиҳанд, балки амалан тамоми соҳаҳои маданияти арзишҳои маънавии ӯро саршори муҳтавои инсондӯстӣ менамоянд. Маҳз бо назардошти ҳамин нуқта гуманисти бузурги асри XX Алберт Швейтсар гуфта буд, ки: «Маданият ин ахлоқ мебошад».
Ахлоқ, маънавиёт ва зебоипарастӣ, новобаста аз он ки инсон дар анҷом додани он соҳибихтиёр аст, чунин донишҳои амалиеро доро аст, ки омӯхтанашон, муқаддимае барои кор бастан ва истифодаи он дар зиндагиянд. Ахлоқ, маънавиёт ва зебоипарастӣ барои онҳое дониши судманд ҳастанд, ки зиндагии саодатмандонаро сидқан мехоҳанд ва барои саодатмандии ҷомеаи худ ҳамеша дар талошанд. Донишмандони ахлоқ, маънавиёт ва зебоипарастӣ ҳамвора кӯшидаанд, ки роҳҷӯёни саодат ва камолро роҳнамоӣ намоянд ва ин донишро дар ихтиёрашон қарор бидиҳанд. Зеро ин се омил дар боло бурдани маданияти ҷавонон ва аҳли ҷомеа нақши муассир дорад.
Мушкилоте, ки вуҷуди маънавию ахлоқии инсон бо он рӯ ба рӯ мешавад, аз зарфиятҳои хеле гуногуну мураккаби объективию субъективӣ иборат мебошанд. Инро дар мисоли нозукиҳои ташаккули шуури оммавӣ, ки дар марҳилаи дигаргуниҳо бо хусусияти усулгароёна ё консервативии худ барои кам кардани шиддату суръати нуфузёбии арзишҳои нав рӯ ба эҳёи арзишҳо ва фишангҳои аз бисёр ҷиҳат камнуфузи гузашта менамояд, равшан мушоҳида мегардад. Дар ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ, пас аз даврони шӯравӣ, дар шуури ҷамъиятӣ болоравии таваҷҷуҳ ба арзишҳои динӣ бештар гардид. Чунин зуҳурот минбаъд боиси ноором шудани вазъияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардида, оқибатҳои ногуворро ба миён овард. Дар ин бора муҳаққиқи ватанӣ дар масоили шуури динӣ Шерзод Абдуллозода таҳлилҳои хеле муҳиммеро анҷом додааст. Дар таҳқиқоти хеш ӯ таъкид менамояд, ки воқеан ҳам равандҳои марбут ба эҳёи фарҳанг ва бахусус арзишҳои миллию динии мо дар баробари рушди беназирашон пас аз истиқлолият, инчунин ба як қатор зиддиятҳо мувоҷеҳ гардиданд: «Маълум аст, ки зиддиятҳо омили муҳимми рушду тараққӣ мебошанд. Диалектикаи ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳоро метавон дар арсаи фарҳанг ҳам ташхис ва пайдо кард… Дар ин росто, бо назардошти рӯҳияи даврони шӯравӣ рӯй овардан ба дин ва кӯшиши эҳёи арзишҳои динӣ, якҷо бо арзишҳои миллӣ, ба ибораи В. И. Ленин «як қадам ба пеш, ду қадам ба ақиб» гаштан буд. Чунин тасаввур мерафт, ки дар оғози асри ХХ1 кӯшиши эҳёи арзишҳои динӣ, баъди 70 сол кӯшиши аз дин раҳо ёфтан, дингурезиву динситезӣ, ки на танҳо кишвари шӯравиро, балки тамоми Аврупоро фаро гирифта буд, ҷуз кӯшиши боз баргашт ба қуруни вусто чизи дигаре буда наметавонад. Ҳатто як қисми зиёиёни мо, ки дорои рӯҳияи дунявияти радикалию экстремистӣ буданд, гаҳ ошкору гаҳ ниҳонӣ сару садоҳое низ баланд карданд. Аз тарафи дигар, дар сатҳи омма нуфуз кардани ин рӯҳия ва истиқлолталабии ифротӣ, экстремистӣ мунҷар ба ворид шудани рӯҳияи исломи сиёсӣ ва мубаллиғону муздурони он низ гардид, ки дар натиҷа кишвар ба ҷанги аҳлӣ-гражданӣ кашида шуд. Аммо аз ибтидо, заковати сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар барои аз ин бумбасту зиддиятҳо баромадан роҳи амну оптималии дурустро мадди назар намуда, ин зиддиятро барҳам зада тавонист».
Бар асари дигаргуниҳои фарҳангию иҷтимоии пас аз даврони истиқлолиятёбии кишварамон мушкилоти дигари таъсиргузор ба ҳаёти маънавӣ ин марбут ба авҷи рақобати арзишҳои низоми муносиботи бозорӣ ва арзишҳои суннатию коллективие буд, ки падидаҳои он то имрӯз аз худ дарак медиҳанд. Кӯшиши аз буҳрони иқтисодию молиявӣ баровардани ҷомеаро, аз ҷумла мушкилоти дар арсаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа баамаломадаро қисми муайяни ташаббускорони дигаргунсозиҳо дар афзалиятдиҳии арзишҳои низоми муносиботи бозорӣ медиданд. Қисми серҳаракати аҳолӣ чунин фурсатро ғанимат дониста, моҳирона дороию иқтидори истеҳсолии ҷомеаро хусусӣ ва ё ҳамшарикӣ (аксионерӣ) сохтанд. Чунин ҳолат арзиши муносибатҳои аслии низоми бозориро, ки аз бисёр ҷиҳат созанда мебошанд, дар назди шуури оммавӣ тавонистанд то андозае коҳиш диҳанд.
Ҳамин тавр, ҳамаи ин талошҳо ба он нигаронида шудаанд, ки тавассути дарк ва паҳн сохтани арзишҳои маънавии ба рӯҳияи миллии кишварамон созгор замина барои кушодани табиати воқеан ҳам фарҳангсолоронаи мардум, новобаста аз мансубияти иҷтимоияшон, фароҳам оварда шавад. Зеро ба асли табиати инсонии худ сарфаҳм рафтани ҳар як фарди ҷомеа маҳз тавассути азхуд кардани арзишҳои маънавие, ки дар тӯли таърих офарида шудаанд, муяссар мегардад. Бояд зикр кард, ки маҳз ба ҳамин хотир, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса ба худшиносии миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, назари амиқ намудан ба осори пурғановати маънавии гузаштагон ва омӯзиши таърихи ниёкон боло гирифт. Ин ҳама дар барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида буд ва ҳам дар ҷомеа чунин иқдом ба вуҷуд омад.
Дар ин замина тарбияи маънавии ҷавонон яке аз воситаҳои асосии таҳкурсии пешрафти ҳар ҷомеаи мутамаддин ба шумор рафта, он яке аз вазифаҳои истеҳсолии оила, мактаб ва дигар муассисаҳои таълиму тарбия ва аз ҷумла марказҳои фарҳангу фароғат ба шумор меравад. Маълум аст, ки дар тарбияи маънавии ҷомеа шаклҳои сохторёбии низоми арзишҳои фарҳангӣ мақоми махсус доранд. Маъмулан ба сифати заминаҳои мусоидаткунандаи раванди сохторёбии арзишҳои фарҳангӣ қоидаҳо, ниҳодҳо ва нақшаҳои иҷтимоие хизмат менамоянд, ки тавассути онҳо тартиботи пешбининамудаи низоми арзишии ягон муҳити фарҳангӣ дар шууру рафтори одамон амалӣ мегардад. Яке аз намояндагони барҷастаи ҷомеашиносии фарҳангӣ Уилям Грэм Самнер (1840-1910) аз ҷумлаи онҳоест, ки бори нахуст зуҳури тартиботу қоидаҳои аз ҷониби низоми арзишии муҳити фарҳангиро ба се даста тақсимбандӣ намудааст. Тасвиру тасаввури ҳолати зуҳури арзишҳои маънавии ҳамагуна муҳити фарҳангиро ӯ дар қолаби анъанаҳо, урфу одатҳо ва ҳуқуқ бо фарогирии меъёру фишангҳои идоракунии муносибату рафтори иҷтимоӣ муҳим медонад.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият ба ташаккули шахсияти ҷавонон аҳамияти калон дода мешавад. Ҳоло сиёсати давлат дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф бештар ба баланд бардоштани сифати таълим, тайёр намудани мутахассиси дар бозори меҳнат рақобатпазир, гузариш ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Ислоҳоти соҳаҳои фарҳангу маориф ва мувофиқ кардани низоми миллии таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ тавассути гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот ва татбиқи технологияи кредитии таълим амалӣ гардонида мешавад. Мақсадҳои ин сиёсат аҳли маорифро муваззаф менамояд, ки насли наврасу ҷавононро дар баробари мусаллаҳ намудан бо донишҳои касбӣ инчунин дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, тарбияи маънавӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоянд. Зеро ин масъалаест, ки аз ҳалли дурусти он сифати ба ҷомеа пайвастани ҷавонон вобаста аст. Вале қайд кардан зарур аст, ки дар ин самт алҳол бисёр масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд, ки хусусияти объективӣ ва субъективиро доранд. Пеш аз ҳама самтгирии сиёсии ҷавонон вобаста ба ҷойгиршавии Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ гуногун мебошад. Чӣ тавре маълумотҳои пажуҳишҳои афкори умум нишон медиҳанд, ҷавонон назар ба гурӯҳи дигари ҷомеа бештар ба сиёсат таваҷҷӯх доранд, зеро онҳо бештар дастрасӣ ба сарчашмаҳои ахборотӣ доранд.
Бинобар ҳамин, аз мадди назар дӯр гузоштани ин падида ба гуфтаи раиси ҷумҳур боиси он мегардад, ки: «ҳоло ҳам як қисми ҷавонон нисбат ба Ватан, истиқлолият, давлату миллат, арзишҳои фарҳангию миллии худ ва масъалаҳои ҳаёти ҷомеа бетафовут мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба зеҳни ҷавонон гурӯҳҳои бегонапараст, моҷароҷӯ ва ҷиноятпеша таъсир мерасонанд. Сохторҳои татбиқсозандаи сиёсати давлатии ҷавонон бар зидди чунин зуҳуроти манфӣ ҳанӯз оқилона ва пайгирона мубориза бурда наметавонанд. Зеро дар давоми солҳои охир ҳодисаю падидаҳое ба мушоҳида мерасанд, ки метавонанд дар оянда ба раванди инкишофи ҷомеа халали ҷиддӣ ворид намоянд. Бо назардошти ин вазъият мо ҷавонон, пайравони Пешвои миллат вазифадор ҳастем, ки имкониятҳои бештари иштирок дар корҳои азнавсозии ҷомеа ва баландбардории сатҳи маърифати ахлоқӣ ва тарбияи маънавӣ, сиёсию ҳуқуқиро фароҳам оварда барои миллату давлати хеш содиқона хизмат намоем. Ин имкон медиҳад, ки нерӯи созандаи онҳо ҳарчи бештар ба манфиати пешрафти ватанамон истифода бурда шавад. Дар ин самт пеш аз ҳама баландбардории сатҳи касбию тахассусии ҷавонон нақши асосиро ишғол менамояд.
Хулосае, ки аз таҳлили тарбияи маънавии ҷавонон масъалаи шаклҳои зуҳури он дар ҳаёти имрӯзаи фарҳангии Тоҷикистон ба даст меояд, аз он иборат аст, ки дар мундариҷаю мазмуни рушди арзишҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишварамон ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ватанпарастӣ, ваҳдат, ифтихори миллӣ, васфи дастовардҳои беназири рушди мамлакат ва ғайра ҷойгоҳи шоистаро ишғол менамоянд. Анъанаҳо, асарҳои санъат, меъёру рафтори иҷтимоии мардум, дастовардҳои илмию фаннӣ пайваста махзани арзишҳои маънавии ҷомеаро ғанӣ мегардонанд ва ҳувияти миллии дар ин заминаҳо ташаккулёбанда ба таъмини амнияти маънавии ҷомеа, шахс ва давлат мусоидат мекунанд. Чунин муҳити маънавии фарҳангу ҷомеаи миллиро аз таъсири манфии равандҳои ҷаҳонишавӣ муҳофизат намуда, роҳро барои баҳра гирифтан аз ҷанбаҳои мусбати он боз мекунад. Натиҷаи чунин талошҳо аст, ки имрӯзҳо арзишҳои фарҳангии ҷомеаи соҳибистиқлоламон тавассути тарғиби анъанаҳои миллиамон, офаридани асарҳои пурмазмуни бадеию илмӣ, ташкили намоишгоҳҳои гуногун берун аз ҳудуди мамлакат эътибору нуфуз пайдо карда истодаанд. Яъне зарфияти ахлоқию маънавии инсон ҳамеша ҳамқадами дигаргуниҳои дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа амалкунанда аст. Он дар фазои дур ва мустақил аз ҳаёти бевоситаи одамон ташаккул намеёбад, зеро эҷодкору истифодабарандаи он худи инсон аст. Дар навбати худ арзишҳои фарҳанги боиси рушди маҳорату мундариҷаи фаъолияти гуногунҷанбаи инсон мегардад. Яъне дар байни онҳо робитаи мустаҳками диалектикӣ вуҷуд дорад. Чунин робитаю алоқамандиро дарк кардану онро дар раванди эҷоди арзишҳои маънавӣ ба инобат гирифтан маҳбубияти ҷомеаро ба азхудкунию пайравӣ аз арзишҳои фарҳанги ҷомеа зиёд месозад.
Зокирзода Суҳроб Ибод
номзади илмҳои фалсафа,
дотсенти кафедраи ҷомеашиносии
МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг
ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»