Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, рушди муносибатҳои фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархурди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони забондон тақозои замон мебошад. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”. Ҳамчунин дар пайравӣ аз нуктаҳои зикршуда дастур доданд, ки “… аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеҳнӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, ки ин неруи инсонӣ соҳибкасбу бомаърифат ва мутахассиси замони муосир бошад. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар кишвар ва омода намудани мутахассисони забондону соҳибкасб дар соҳаҳои мухталифи касбу кори гуногун ҳангоми ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Дар замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ буда, инчунин бо зиёда аз 180 кишварҳои олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст, ки ин омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи мутахассисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар ҷаҳон ҳамчун давлати накухоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст.
Масъалањои марбут ба таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу забондон тавассути истифодаи технологияи навин дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паём махсусан зикр намуданд, ки “Пешрафти босуръати технологияҳои навин ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардад…”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ барои омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ, ки аз зумраи забонҳои муоширати байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд, барои ҳамаи кормандони сохторҳои давлатӣ новобаста аз самти фаъолият мубрам арзёбӣ гардида, дарки моҳияти забонҳои хориҷӣ ва аз ҷониби ҳар як корманд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ омӯзиши он таъкидҳои пайваста ба миён омадааст. Зеро омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва азхудкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин ва бартараф кардани мушкилиҳо дар раванди фаъолияти корӣ барои ҳар як шахс бисёр ҳам қулай ва муфид мебошанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи худ таъкид менамоянд, ки ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои англисӣ ва русӣ диққати махсус равона карда шавад. Таълими забонҳои хориҷӣ дар шароити имрӯзаи тараќќиёти иќтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди таълиму тарбия, фарҳанг, васеъ намудани муносибатҳои байнифарҳангӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии таҳсилот рӯз то рӯз муҳимияти бештар пайдо намуда, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати кишвар қарор дорад.
Дар ин замина, Пешмвои миллат ба истифодаи самараноки технологияи муосир ва афзалияти он дар соҳаи касбу кори гуногуни кишвар таваҷҷуҳ намуда, қайд намудаанд, ки “Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки “Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадоранд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
Дар пайравӣ аз дастуроти Пешвои миллат ҳаминро зикр намудан лозим аст, ки ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои тайёр намудани мутахассисони варзида дар самтҳо касбу кори гуногун бо мақсади ҳифзи фарҳанги милливу маъанавии ҷомеаи башарӣ бояд тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шавад. Ҷиҳати амалигардонии дастуроти мазкур бояд ҳангоми таълими забонҳои хориҷӣ ва истифодаи самараноки технологияи инноватсионӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот бештар ба боло бурдани ҳисси миллии донишомӯз тавассути ҷанбаҳои ватандӯстиву нигаҳдошти фарҳанги миллӣ ва эътибори фарҳанги маънавӣ равона гардонида шавад, то ӯ мустақилона худ кӯшиш намояд, ки дар баробари омӯзиши фарҳангу забони бегона зиракии сиёсиву ҳисси ватанхоҳии худро нигоҳ дорад.
Дастуроту таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, пайи тайёр намудани мутахассисони забондону ҷавобгу ба талаботи бозори муосири меҳнат равона менамоем, то ки дар оянда барои пешрафти миллату давлат ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат саҳме гузошта бошем. Ин аст шиори мо!

Меҳриддин ХОЛЗОДА – доктор PhD,

сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода