Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, рушди муносибатҳои фарҳангии кишварҳо, аз ҷумла технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархурди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони забондон тақозои замон мебошад. Чунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд “Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд”. Ҳамчунин дар пайравӣ аз нуктаҳои зикршуда таъкид гардид, ки “Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеҳнӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, ки ин неруи инсонӣ соҳибкасбу бомаърифат ва мутахассиси замони муосир бошад. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар кишвар ва омода намудани мутахассисони забондону соҳибкасб дар соҳаҳои мухталифи касбу кори гуногун ҳангоми ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки “… мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”.
Дар замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ буда, инчунин бо зиёда аз 180 кишварҳои олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст, ки ин омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи мутахассисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар ҷаҳон ҳамчун давлати накухоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст.
Масъалаҳои марбут ба таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасбу забондон дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паём махсусан зикр намуданд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ барои омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ, ки аз зумраи забонҳои муоширати байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд, барои ҳамаи кормандони сохторҳои давлатӣ новобаста аз самти фаъолият мубрам арзёбӣ гардида, дарки моҳияти забонҳои хориҷӣ ва аз ҷониби ҳар як корманд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ омӯзиши он таъкидҳои пайваста ба миён омадааст. Зеро омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва азхудкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин ва бартараф кардани мушкилиҳо дар раванди фаъолияти корӣ барои ҳар як шахс бисёр ҳам қулай ва муфид мебошанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи худ таъкид менамоянд, ки ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои англисӣ ва русӣ диққати махсус равона карда шавад. Таълими забонҳои хориҷӣ дар шароити имрӯзаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди таълиму тарбия, фарҳанг, васеъ намудани муносибатҳои байнифарҳангӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии таҳсилот рӯз то рӯз муҳимияти бештар пайдо намуда, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати кишвар қарор дорад.
Хусусан забони англисӣ аз бузургтарин забонҳои дунё ва яке аз шаш забони кории Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Имрӯз аксари маҳсулоти истеҳсолкардаи мамлакатҳое, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, албатта бо забони англисӣ нишондоду дастурамал доранд. Шахс агар ин забонро ба таври даркорӣ надонад, ашёи харидорӣ намудаашро ба таври лозимӣ истифода бурда наметавонад. Бинобар ин, забони англисиро забони илму техникаи ҷаҳони муосир номида, зарурати омӯзиши он дар ҳама зинаҳои таҳсилоту касбӣ ба таври ҷиддӣ талаб карда мешавад. Чунонки Сарвари давлат қайд намудаанд “Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд”.
Дар пайравӣ аз дастуроти Пешвои миллат ҳаминро зикр намудан лозим аст, ки ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои тайёр намудани мутахассисони варзида дар самтҳо касбу кори гуногун бо мақсади ҳифзи фарҳанги милливу маъанавии ҷомеаи башарӣ бояд тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шавад. Хусусан вобаста ба таълими забонҳои хориҷӣ дар заминаи фарҳанги миллӣ таҳияшуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҷиддӣ таъкид намуда буданд, ки “… дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд”.
Ҷиҳати амалигардонии дастуроти мазкур бояд ҳангоми таълими забоҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот бештар ба боло бурдани ҳисси миллии донишомӯз тавассути ҷанбаҳои ватандӯстиву нигаҳдошти фарҳанги миллӣ ва эътибори фарҳанги маънавӣ равона гардонида шавад, то ӯ мустақилона худ кӯшиш намояд, ки дар баробари омӯзиши фарҳангу забони бегона зиракии сиёсиву ҳисси ватанхоҳии худро нигоҳ дорад.
Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми қудрату неруи худро дар ҳама шароит чӣ омӯзиши забоҳои хориҷӣ, чӣ таъсири омилҳои беруна ва чӣ ҷаҳонишавӣ ва рушди муносибатҳои байнифарҳангӣ сарф намуда, барои тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва расму оинҳоямон кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки насли имрӯзии ҷомеа хусусан ҷавонону наврасон ба фарҳанги беруна камтар таваҷҷуҳ намуда, рӯ ба фарҳанги миллииамон оранд ва барои насли оянда низ ба мерос гузоранд.
“Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад”- инҳо пандҳо ва дастуроте мебошанд, ки махсус аз ҷониби Пешвои миллат таъкид гардиданд ва бояд сармашқу шиори ҳар як нафар сокини кишвари азизу маҳбуби мо Тоҷикистон бошад.
Дастуроту таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, пайи тайёр намудани мутахассисони забондону ҷавобгу ба талаботи бозори муосири меҳнат равона менамоем, то ки дар оянда барои пешрафти миллату давлат ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат саҳме гузошта бошем. Ин аст шиори мо!
Меҳриддин ХОЛОВ – сардори
раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М. Турсунзода