Бо камоли эҳтиром ва самимият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи фархундаи мавлудашон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон умри дароз, сиҳатмандии комил ва рӯзгори пурсаодат, таманно намуда, гулгулшукуфоии бештари Ватани маҳбубамонро зери роҳбарии ин фарзонафарзанди миллат орзумандем.
Инчунин, ҳамчун рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ тамоми ҳамватанонро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрику муборакбод менамоем.
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон беназир буда, иттиҳоду ҳамбастагии моро ба миён овардааст. Мо – фарҳангиён сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро, ки аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дастгирӣ намуда, дастуру супоришҳои Роҳбари кишварро ба подоши ғамхориҳои бемислашон дар ин самт содиқона амалӣ мегардонем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Зиндагии пурсаодати мо маҳсули ғамхорию ҷонфидоиҳои ин абармармарди таърихӣ мебошад.
Пирӯзиву комёбӣ ҳамеша ҳамқадами Шумо бошад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Зодрӯз муборак!