Омӯзгорони арҷманд, ҳамкасбони азиз, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!

Шуморо ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва фаро расидани соли таҳсили 2024-2025 самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям. Махсусан, ба онҳое, ки дар соли равон ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардида, имрӯз нахустин қадамҳои худро ба ин даргоҳи илму боргоҳи фарҳангу санъат гузоштанд, таҳсили хубу аъло таманно карда, орзуманди онам, ки дар оянда ҳамчун кадрҳои сазовор ба воя расида фарҳангшу санъати оламшумули моро дар миқёси ҷаҳон муррифгар гашта, барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор гарданд.

Дар кишвари азизи мо тибқи анъанаи муборак ва ҳувиятбахш соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо бо Дарси сулҳ, ки омӯзгори хирадсолораш раҳнамои ҷодаи саодатҳои мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем. Яъне, рисолати аслии мову шумо — устодону омӯзгорони арҷманд дар ин самт аз он иборат аст, ки ба донишҷӯён таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонем, то ки онҳо ба қадри сулҳу субот, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳимояи ин неъматҳои бебаҳо ҳамеша омода бошанд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2024-2025 табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.