Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

   Бо камоли сарфарозиву шодмонӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ Шуморо ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод менамоям. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард.

Ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир гузошта, барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.

Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст. Устодону шогирдони гиромӣ ва ҳамватанони азиз дар ин рӯзҳои баҳорӣ бароятон хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ тандурустиву хонаободӣ, саодатмандию нусрат ва рӯзгори пурфайзу пурбаракат таманно менамоям.