Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Бо камоли шодмониву сарфарозӣ Шуморо ба ифтихори Иди байналмилалии Наврўз, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод менамоям.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Наврўз дар Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард.
Ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврўз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир гузошта, барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.
Воқеан, Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз аст, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст.
Дар ин рўзҳои баҳорӣ бароятон хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ тандурустиву хонаободӣ, саодатмандию нусрат ва рўзгори пурфайзу пурбаракат таманно менамоям.