Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Бо камоли шодмониву сарфарозӣ Шуморо ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод менамоям.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуд ва дар баробари табдил ёфтан ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ мақоми байналмилалӣ пайдо кард. Ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз барои ривоҷи табодули фарҳангҳо, густариши ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу суботи халқҳо нақши муассир гузошта, барои муаррифии боз ҳам бештари фарҳангу тамаддуни мардуми ориёитабор мусоидат менамояд.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас андешанд. Ин дастури Роҳбари давлат аз ҷашни асосии миллӣ ва шиносномаи фарҳангии миллат будани ҷашни Наврӯз бори дигар дарак медиҳад.
Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст.
Устодону шогирдони гиромӣ дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба Шумо барои дар амал татбиқ намудани сиёсати сулҳпарваронаю меҳандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат барору комёбӣ орзу намуда, бароятон хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ тандурустиву хонаободӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу пурбаракат таманно менамоям.