ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА», НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ДОТСЕНТ НАЗАРЗОДА МАҲМУД МИРЗО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР
Модарону хоҳарони азиз ва устодону донишҷӯёни гиромӣ!
Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахш — Рӯзи Модар самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори ободу осуда, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар кору фаъолиятатон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Нақши муассир ва созандаи модарон ва хоҳарони азиз дар таҳкими давлатдории миллӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба таври хосса таъкид мегардад. Роҳбари давлат доимо дар суханрониҳояшон модарро ба гунаи олӣ васф намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон буда, сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад. Тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд….. Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Имрӯз бонувони донишкада ҳамчун профессор, омӯзгори варзида ва ҳунарманди соҳибмактаб дар омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат саҳми муассирро доро буда, дар рушди ин соҳаи муҳим дар радифи мардон мақоми хос доранд.
Воқеан, дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати баланд соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Ҳамеша тандурусту саодатманд ва хушиқболу фархундаҳол бошед, модарону хоҳарони азиз!