Омӯзгорони арҷманд, устодони азиз, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!
Шуморо ба муносибати 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
31 сол муқаддам — 10 декабри соли 1994 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқашон Анҷумани нахустини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он анҷуман вакилон заминаҳои сиёсию иҷтимоии ташаккули ҳизбро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар анҷуман оиннома, барнома ва мақсадҳои тактикӣ ва стратегии ҳизбро муайян намуданд, ки мақсади асосӣ муттаҳид намудани ҷомеа буд. Зеро баъди вазъияти ногувори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллату давлат ба ташкилоти сиёсии пурқудрате ниёз доштанд, ки тавонад халқи парешонгаштаро ба ҳам оварда, қасри бошукӯҳи давлатдории навини тоҷиконро бунёд намояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлол бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифодаи умеду ормони волотарини мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву хештаншиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуд.
Пешвои миллат ҳамчун яке аз созмондиҳандагони асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон медонистанд, ки барои миллати тоҷик, ки борҳо бар асари ихтилофоти гуногун пароканда шуда, давлатдории хешро аз даст дода буд, ин ғоя аз ҳама муҳимтар мебошад. Аз ин лиҳоз он дар Конститутсияи ҷумҳурӣ инъикос ёфтааст. Яъне, мақсади ҳизб ва мардуми шарифи тоҷик бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз он сарбаландем, ки бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин ҳадафи ҳизб — дарёфти сулҳу салоҳ ва оромию осоиштагӣ, пойдор намудани иқтисодиёти устувор, расидан ба вахдати умумимиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри нав, эътимоди халқро ба ояндаи ҳизб қавитар гардонид.
Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаҳоеро фаро мегирад, ки ифодакунандаи дарди ҷомеа мебошанд, яъне барномаи ҳизб ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мувофиқ аст. Масъалаҳои мазкур дар Анҷумани ҳафтуми ҳизб баррасӣ гардида, вакилон дар бораи онҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намудаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатро баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда пайгирона дастгирӣ намуда, дар амалӣ шудани он саҳмгузор мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон принсипҳои демократӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ доштани давлатро асоси амали худ қарор дода, ба муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизми сиёсӣ, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъамандӣ, маҳалгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мубориза мебарад ва бояд ин кор вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб дониста шавад.
Бояд зикр намоем, ки дар донишкада ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» амал мекунад, ки фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монда, бо ташкилот чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ, конференсияю семинарҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳким мебахшад.
Воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери раҳбарии Пешвои муаззами миллат тавонист, ки миллатро сарҷамъ намуда, дар устувор намудани таҳкурсии давлатдории миллӣ саҳми бориз гузорад.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА», НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ДОТСЕНТ НАЗАРЗОДА МАҲМУД МИРЗО БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН
Маъмур administrator / / Нигаридаан: 5