Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои зебову фараҳбахш — Рўзи Модар самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори ободу осуда, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар кору фаъолиятатон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Саҳми созандаи модарон ва хоҳарони азиз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба таври хосса таъкид мегардад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ махсус зикр намуданд: “Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.”
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Имрӯз бонувони донишкада ҳамчун профессор, омӯзгори варзида ва ҳунарманди соҳибмактаб дар омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат саҳми муассирро доро буда, дар рушди ин соҳаи муҳим дар радифи мардон мақоми хос доранд.
Воқеан, дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати баланд соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Ҳамеша тандурусту саодатманд ва хушиқболу фархундаҳол бошед, модарону хоҳарони азиз!
Ректор
Низомӣ М. З.