Омӯзгорони арҷманд, устодони азиз, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр, ҳаводорони ҳунар ва фарҳангу санъати олӣ!
Шуморо ба муносибати Рӯзи театри тоҷик самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Ҳамасола 7-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи театри тоҷик ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драмнависҳо, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театри кишвар ҷамъ омада, оид ба дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт, нақшаҳои оянда ибрози ақида мекунанд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониашон таъкид карда буданд, ки театр ва дар маҷмуъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Вобаста ба ин, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон бомаром идома дорад, ки аз ғамхории роҳбарияти олии кишвар нисбат ба соҳа дарак медиҳад.
Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик ва ҳунармандони саҳнаи театр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар кишварҳо низ бо забони ноби тоҷикии хеш намоишҳои худро пешкаш менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир мекунад. Ҳунармандони тоҷик имрӯзҳо бо барномаҳои рангоранг на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз кишвар низ мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо намудаанд.
Дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг соҳаи муҳим ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа муайян гардида, ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Пешвои миллат ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ таъкид намуда буданд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».
Воқеан, дар шароити ҳозираи таърихӣ масъалаи солимии маънавии ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи ҷамъият ба ҳисоб меравад ва мо аминем, ки ҳунармандони асили театри тоҷик бо ҳунар ва истеъдоди худ ҷомеаи фарҳангдӯсти моро бо ғизои маънавӣ таъмин намуда, ҳамзамон обрӯю мартабаи театри тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.
ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ФАРҲАНГ ВА САНЪАТИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА», НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ДОТСЕНТ НАЗАРЗОДА МАҲМУД МИРЗО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК
Маъмур administrator / / Нигаридаан: 34

