Омӯзгорони арҷманд, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!
Шуморо ба муносибати Рӯзи фалак самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Фалак ҷузъи қавии фарҳанги тоҷикон буда, чун жанри мусиқии суннатӣ аз замонҳои хеле куҳан вуҷуд дошт ва бо мурури замон такомул ёфта, хусусиятҳои тоза касб намуд. Фалак эҷодиёти этнографӣ ва жанрҳои гуногуни мусиќии касбиро фаро гирифтааст. Маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли инҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст.
Ба шарофати соҳибистиќлолӣ ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2004 ба ин сў ҳамасола 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад. Ин мусиқии нодири мардуми тоҷик 15-уми декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар бораи ин санъати мусиқии мардумӣ чунин иброз дошта буданд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».
Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба донишҷўён нозукиҳои онро меомӯзонанд.
Баҳри арҷгузорӣ ба ин мусиқии ниёгон имрўзҳо нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардида, омӯзиш ва пажӯҳиши ин жанр дар бахши махсус мавриди назар қарор дода шудааст. Бовар дорем, ки ин ҳама дар таҳким ва рушди фалак чун жанри мусиқии суннатӣ нақши бориз мегузоранд.
Бори дигар Шуморо ба муносибати Рӯзи фалак самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.