Омўзгорони арҷманд, ҳамкасбони азиз, шогирдону донишҷӯёни гиромиқадр!
Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгор самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад.
Бо ба инобат гирифтани заҳмати зиёди омӯзгор ва қадрдонӣ аз мақому манзалати муаллим бо иқдоми созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО аз соли 1994 ба ин тараф ҳар сол 5-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии омӯзгор — ҳамчун иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад, ки ин иқдомҳои наҷиб аз ҷойгоҳи баланди муаллим дар ҷаҳон ва кишвари мо дарак медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми августи соли равон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи дониш дар баробари ғамхориҳои зиёд зоҳир намудан нисбат ба омӯзгорон зикр намуданд, ки: Маҳз омӯзгорон – машъалафрӯзони ҷомеа қодиранд, ки имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар созанд ва дар рушду тараққиёти давлату миллат ҳиссаи сазовор гузоранд. Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад.
Ин таъкиди Роҳбари кишвар дуруст буда, итминони комил дорам, ки Мо– омӯзгорон бо заҳмати дилсӯзонаву содиқона чароғи маърифатро дар Ватани маҳбубамон чун ҳамеша фурӯзон нигоҳ дошта, шогирдони худро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам, комгору саодатманд бошед.