Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Шуморо бо фаро расидани соли нави таҳсил ва Рӯзи Дониш самимона табрик намуда, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилатон муваффақиятҳои беназири илмию маънавиро орзу менамоям. Махсусан, ба онҳое, ки дар соли равон ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардида, имрӯз нахустин қадамҳои худро ба муассисаҳои олии касбӣ ва ин даргоҳи илму боргоҳи фарҳанг ва санъат гузоштанд, таҳсили хубу аъло таманно карда, орзуманди онем, ки дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтиссос ба воя расанд ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошанд.
Соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла донишкада тибқи анъана бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Имсол Дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гадид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо аҳли маорифи кишвар суханронӣ ва мулоқоти самимӣ намуданд.
Пешвои миллат зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки маҳз дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад. Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳаммияти аввалин дараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст. Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад. Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.
Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» аз суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон суди маънавӣ бардоштем ва кӯшиш менамоем, ки дастурҳо ва супоришҳои Роҳбари давлатро дар амал татбиқ намоем.
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2025-2026 табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳою донишу маҳоратиихуби касбию илмии рӯзафзун орзу менамоям.