Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

    Бо камоли эҳтиром ва шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Шуморо бо фаро расидани иди мубораки Қурбон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

        Мо аз он шукрона мекунем, ки ба шарофати сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолу озодии ватани маҳбубамон иди саиди Қурбон ва дигар ойину суннатҳоро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комил таҷлил намуда, дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардидем.

      Фазилат ва шарофатҳои ин иди муборак барои мо аз гузаштагони некӯномамон чун пайвандгари давру замонҳо ва мероси муқаддас боқӣ мондааст ва ин нишони ваҳдат, ягонагӣ ва меҳру садоқат ба инсонҳо мебошад. Ҳикмати иди саиди Қурбон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон буда, итминони комил дорам, ки ин рисолатро мо ҳамеша бо садоқати ватандорӣ ба ҷо меорем.

        Бо таъкиди Пешвои миллат мо бояд бо истифода аз неъмати соҳибистиқлолӣ барои фарзандонамон шароити хубу бароҳати зиндагӣ ва таълиму тарбияро муҳайё намуда онҳоро босавод, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонем, то онҳо дар оянда – дар замонаи пешрафти илм ва техникаву технологияҳо – азият накашанд ва соҳибону номбардорони фардои миллати тоҷик бошанд.

       Устодону шогирдони гиромӣ ва ҳамватанони азиз дар ин рӯзҳои муборак бароятон хуррамиву хушҳолӣ тандурустиву хонаободӣ, саодатмандию пирӯзӣ ва рӯзгори пурфайзу пурбаракат таманно менамоям.