Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори обод ва дар кору фаъолиятатон барору комёбиҳои ҳамешагӣ таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон ҳамчун нерӯи ояндасоз ғамхориву диққати махсус зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои касбу илмомӯзӣ, таълиму тарбияи онҳо дар самти тарбияи ватандӯстӣ, ватанпарастию инсондӯстӣ, аз худ кардани якчанд забонҳои хориҷӣ, таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳким бахшидани асосҳои ҳувияти миллӣ ва дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза ба вуҷуд овардани пояҳои хештаншиносӣ ва дӯст доштани кишвари азизи хеш давра ба давра корҳои назаррасеро ба анҷом расонидаанд.
Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошанд, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доранд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунанд, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намоянд, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваранд.
Донишҷӯён ва устодони ҷавони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар радифи дигар ҷавонони саодатманди кишвар ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, муваффақу сарфарозанд. Мутахассиси хуби соҳаи фарҳангу санъат ва иттилоот будану дар озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳамеша ғолибият ба даст оварданашон гувоҳи пайравони аслии Пешвои миллати санъатдӯсту фарҳангпарвар буданашон ҳаст.
Мо мутмаинем, ки донишҷӯён ва устодони ҷавони мо дар радифи ҷавонони саодатманди кишвар, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо мебошанд, дар ҷаҳони пуртазоди муосир манфиатҳои давлату миллатро ҳифз мекунанд ва ҳамчун ашхоси соҳибкасбу ватанпарвар қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро менамоянд.
Имрӯзҳо мо дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол қарор дорем, ки ба ин навъи варзиш ҷавонони мо шавқу рағбат ва муҳаббати хос доранд. Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шудани 25 май бо ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст, ки рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз барои ҷомеаи ҷаҳонии футбол маҳсуб мешавад. Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон иди ҷаҳонии варзишӣ гаштааст, ҷойгоҳи Ватани маҳбуби моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшида, ваҳдату ҳамгироии наврасону ҷавонони моро устувортар менамояд.
Бори дигар Рӯзи ҷавононро ба тамоми ҷавонон самимона табрик гуфта, барояшон тандурустӣ, хониши хубу аъло, бахту саодат ва барору комёбӣ орзу менамоям.