Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

  Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба муносибати Рӯзи Ғалаба яъне ба ифтихори 80 — солагии пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ бар фашизм, ки барои мо тоҷикон дар қатори дигар халқҳои Шуравӣ рамзи пирӯзӣ, қудрат ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, самимона табрик намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори обод ва дар кору фаъолиятатон барору комёбиҳо таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҳамчун далели дар натиҷаи ваҳдату ягонагӣ ба даст овардани пирӯзӣ зикр менамоянд, ки як ҳақиқати ба ҳамагон маълум вобаста ба он ҷанги пурфоҷиа ин аст, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ таъмин карда шуд.

Аз Тоҷикистони замони ҷанг, ки ҳамагӣ каме беш аз як миллион нафар аҳолӣ дошт, зиёда аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд, ки беш аз 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурии моро ташкил мекард. Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо қаҳрамонона ҳалок гардида, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди он, ки дар он солҳо худашон дар шароити бисёр вазнин қарор доштанд, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷабҳа қарордошта қабул карда, ҳамаи онҳоро бо ғамхорӣ фаро гирифтанд.

Сабақҳои фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон башариятро махсусан дар ин рӯзҳо ҳушдор медиҳанд, ки сулҳу оромӣ ва зиндагии бидуни ҷангу хунрезӣ неъмати бузург барои ҳар як инсон ва робитаҳои беғаразонаи ҳамкориву дӯстона дар байни халқу миллатҳо шарти муҳимми пешрафту тараққиёти давлатҳо мебошад.

Мардуми тоҷик баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон бори дигар дар аввали соҳиб­истиқлолии худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои   90-уми асри гузаштаро аз сар гузарониданд, даҳшату фоҷиаи онро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва ба қадри сулҳу субот бештар мерасанд.

Бинобар ин, мо бояд ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созему рисолати худро содиқона ба ҷо орем. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу шукуфо гардидани ватани маҳбубамон саҳм гузошта, суботу амният ва якпорчагии мамлакатро ҳамчун ватанпарастони асил ва бонангу номус ҳифз намоем.

Ватан, ободият ободии мо,

Ватан,  озодият озодии мо.

Ҳузури сабзи ту дар қалби дунё,

Сабабгори тамоми шодии мо.

Рӯзи Ғалаба муборак бод!