Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Шуморо ба муносибати ба анҷом расидани моҳи мубораку шарифи Рамазон ва фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям. Мо аз он шукрона мекунем, ки ба шарофати сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолу озодии ватани маҳбубамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комил таҷлил менамоем.

   Ҳикмати иди саиди Фитр ва моҳи шарифи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон буда, итминони комил дорам, ки ин рисолатро мо ҳамеша бо садоқати ватандорӣ ба ҷо меорем.

   Устодону шогирдони гиромӣ ва ҳамватанони азиз дар ин рӯзҳои муборак бароятон хуррамиву хушҳолӣ тандурустиву хонаободӣ, саодатмандию пирӯзӣ ва рӯзгори пурфайзу пурбаракат таманно менамоям.