Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷ аз кишвар дар замони муосир яке аз амрҳои зарурӣ маҳсуб мешавад. Равнади мазкур барои ошно шудан ба дастовардҳои таълимӣ, илмӣ ва методии олимони муассисаҳои хориҷӣ заминаи мусоиди табодули таҷрибаро фароҳам меоварад. Бо таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур, рӯзҳои 17-19-уми сентябри 2025 муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионии донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ дар Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон курси такмили ихтисосро аз рӯйи барномаи касбии иловагӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид.

Холов Меҳриддин – н.и.ф., сардори раёсати робитаҳои байналмилалии МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”