Санаи 23.05.2025 дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти ҳамин унвон Конференсияи ҷумҳуриявӣ-амалӣбахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардид, ки бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, собиқ раисони Кумита, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, олимону муҳақиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, собиқадорони соҳаи кор бо ҷавонон, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли кишвар дар маҷмуъ 400 нафар ва инчунин ректори  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ва ҳайати кормандону устодони донишкада, иштирок намуданд.

         Конференсияи ҷумҳуриявиро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки бо дарназардошти нақши бузурги сиёсати ҷавонони имрӯза ва иштирокчиёни Конферренсияи ҷумҳуриявӣ-амалӣ дар мавзуи «Сиёсати давлатии ҷавонон: дастовардҳо ва дурнамои рушди ҷавонон ва варзиш дар Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол кушода намуд.

         Сипас, мушовири бахши Ёрдамчии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Орзу Ҳамидиён сухани ифтитоҳӣ —  табрикотӣ намуд. Дар рафти конфронс муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, собиқ раисони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Латифзода Асрор Қурбон ва Абдулвоҳидов Сулаймон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ – Темур Раҳимов ва дигар роҳбарони муассисаҳо бо маърузаҳои худ баромад намуданд.

         Дар фарҷоми конфронс аз тарафи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирокчиёни конфронс бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол  бо медалу сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд, ки дар ин қатор раиси олимони ҷавонони донишкада, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ номзади илмҳои фалсафа  Зокирзода Суҳроб Ибод низ қадрдонӣ гардид.