Дар раванди тамаддунофарии башарият ҳар нафаре, ки дар ҷодае қадамҳои нахустин мениҳад ва барои амале аввалин шуда иқдом мегирад, ӯро асосгузор ё бунёдгузор меноманд. Бемуболиға, яке аз чунин ашхос бунёдгузори давлати тозаистиқлоли миллии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатии имрӯзаи кишвари маҳбубамон аз фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди арсаи сиёсат ибтидо мегиранд. Маҳз барои Тоҷикистони тозаистиқлол Эмомалӣ Раҳмон аввалин фардест, ки истиқлолияти комили сиёсиро ба вуҷуд оварда, ваҳдати миллиро таъмин намуд ва иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонд.
Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, ашхосе, ки дар фазилату иродаи сиёсию маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, дар пайвастагии бевосита қарор дорад. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ арзанда ҳастанд. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот диҳанд ва аркони давлатдориро аз нав бунёду эҳё созанд.
Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлолият ба осонӣ ба даст намеоянд. Дар рушду тақвияти истиқлоли миллӣ ва муаррифӣ намудани давлатдории тоҷикон ҳамчун як миллати соҳибтамаддун саҳми Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, тамоми ин имкониятҳо маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадааст.
Хушбахтона, бо ташаббус ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми дурандеши тоҷик ин марҳилаи ниҳоят вазнин пушти сар шуд ва сулҳу суботи комил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармо гардид. Лекин, ёди бузургоне, ки қурбони ин ҳаводиси ногувор шуданд, то имрўз дар хотираҳои мардум нақш бастаанд. Ба қавли Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд. Ҳар кадоми мо хуб медонем, ки халқи фарҳангиву тамаддунсози тоҷик дар тӯли таърихи худ воқеаҳои зиёдеро пушти сар кардааст, ки онҳо ҳамчун сабақи зиндагӣ имрӯз низ хизмат карда метавонанд».
Ин шаҳодати он аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои бунёдӣ ва созандаашон эҳтиром ва ба он кас арҷ мегузоранд ва Сулҳи тоҷиконро, ки маҳз бо шарофати ин абармарди таърих ба даст омада буд, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки: “Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад:
Ҳавзаи якум — Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш, ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоили ботинӣ дорад.
Ҳавзаи дувум — Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.
Ҳавзаи сеюм — фазои зисти давлатҳои ҳамсояи форсизабон иборат буда, ҳамбастагии таърихӣ, динию фарҳангӣ ва дурнамои воқеии рушди миллиро ба ҳам ҷазб мекунад.
Ҳавзаи чаҳорум — доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад.
Ҳавзаи панҷум — ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ”.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аст. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳо созмонҳои минтақавии байналхалқӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин радиф, имрӯз Тоҷикистон аъзои фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Модели хоси давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷаҳони муосир эътироф намуд ва кишвари мо мақому манзалати шоистаи худро дар ҷомеаи башарӣ пайдо намуд». Маҳз дар ин замина имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби 192 давлат ба расмият шинохта шуда, бо 184 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро густариш медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки маҳз ба шарофати заҳматҳои зиёд ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикону форсизабонони олам дар симои нуронии ин сиёсатмадори тавоно Тоҷикистони соҳибистиқлолро диданд. Яъне, акнун Тоҷикистон на танҳо Ватани тоҷикистониён, балки хонаи умеди тамоми форсизабонони дунё аст.
Мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмилалӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта, ҳамзамон ташаббускор барои рафъи хатароти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд, ки маҳз аз заминаи соҳибистиқлолии кишвар сарчашма гирифта, ба сиёсати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон рабт дода мешавад. Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик бо аз сар гирифтани рисолати олии тамаддунсозии хеш ва бо такя ба арзишҳои волои миллӣ ва арзишҳои фарҳанги муосири сиёсӣ фасли тозаеро дар таърихӣ давлатдории дерини худ дарҷ намоянд.
Меҳриддин Холзода, доктор PhD —
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода
