Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба рӯзи ҷашни Сада конференсияи илмӣ — назариявӣ баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Авғонов ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки бо касби Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии халқи куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин оинҳои эҳёшудаи мо буда, дар чанд соли охир дар саросари кишвар бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад. Мавсуф зикр кард, ки воқеан иди Садаро аҷдодонамон чун рамзи омодагӣ ба Наврӯз ҷашн гирифта, унсурҳои онро пайки сулҳу субот, дӯстиву рафоқат, некиву хайрхоҳӣ, ободкориву сабзгардонӣ медонистанд. Фарорасии он махсусан ба кишоварзону деҳқонон муждарасони омодагӣ ба кишту кор буд, ки ин падида имрӯз ҳам рисолати худро пойбарҷо нигоҳ медорад.
Сипас устодони донишкада дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Зокирзода С.И., котиби Шурои олимон Қудратов Сино, мудири кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ Гурезов Ш., муаллими калони кафедраи бойгонишиносии факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Холибоева Н.С. ва дотсенти кафедраи фортепиано ва гузориши овоз Шарипова Д. маърузаҳои омоданамудаи худро ироа намуда, доир ба таърихи пайдоиш ва ҷойгоҳи ҷашни Сада андешаҳои худро баён намуданд.
Иштирокдорони конференсия ба ин назар буданд, ки ҷашни Сада, ба мисли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзӣ мебошад ва тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ намуда, маросими онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд. Ҳамчунин, изҳори умедворӣ намуданд, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар сарорсаи мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд.
ҚУДРАТОВ Сино