Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Фалак бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯён семинари илмӣ ва амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, андешаҳояшро перомуни таърихи пайдоиши ин мусиқии нодири мардумӣ, ривоҷу равнақи он дар даврони соҳибистиқлолӣ ва шаклҳои мухталифи фалак баён намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 — уми ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 — уми августи соли 2007 ҳар сол дар саросари кишвар 10 — уми октябр ҳамчун Рӯзи Фалак бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин тадбир барои худшиносии миллӣ, рушди ин жанри мусиқии суннатӣ, эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва бадеии миллати тоҷик мусоидат мекунад.
Ин мусиқии нодири мардуми тоҷик 15 -уми декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Ректори донишкада тазаккур дод, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар бораи ин санъати мусиқии мардумӣ чунин иброз дошта буданд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».
Сипас, устодони донишкада Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Баҳромов Дона, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Раҳматулло Ҳошимов ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессори кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Сафизода Моҳрухсор мутаносибан дар мавзуъҳои «Фалак — падидаи пурарзиши фарҳангӣ», «Мактаби фалакхонии Одина Ҳошим» ва «Услуби сарояндагии анъанавии мардуми водии Рашт» суханронӣ намуда, мулоҳизаву андешаҳояшонро перомуни жанри мусиқии фалак баён намуданд.
Инчунин, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзуллоҳ гузориши худро перомуни тарҳи аввалияи «Донишномаи фалак» ва «Донишномаи шашмақом» ироа намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки баҳри арҷгузорӣ ба ин мусиқии ниёгон имрўзҳо нишастҳои илмиву амалӣ, симпозиуму конфронсҳо, силсилаи барномаҳои консертӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардида, омӯзиш ва пажӯҳиши ин жанр дар бахши махсус мавриди назар қарор дода шудааст ва бовар дорем, ки ин ҳама дар таҳким ва рушди фалак чун жанри мусиқии суннатӣ нақши бориз гузошта, донишмандони соҳа баҳри ба миён омадани таълифоти зарурӣ камари ҳиммат мебанданд.
ҚУДРАТОВ СИНО