Санаи 5 июни соли 2024 бо роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уйке ва котиби аввали сафорат Данеш Бҳартваҷ як қатор ҳунармандони риштаҳои гуногуни санъати миллии Ҳиндустон ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи донишкада меҳмононро раёсати донишкада пешвоз гирифта, ба толори вохӯрӣ роҳнамоӣ намуданд.
Меҳмонон аз ҷониби ректори донишкада профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пазируфта шуда, миёни ҷонибҳо мулоқоти судманди илмиву эҷодӣ сурат гирифт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо нисбат ба роҳандозии ҳамкориҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи хосса намуда, омодагии хешро барои дар оянда ба роҳ мондани чорабиниҳои муштараки эҷодӣ ва табодули устодону донишҷӯён бо мақсади такмили маҳорату малакаи касбӣ баён намуданд. Дар вохӯрӣ муовинони ректор Махсудзода Фарҳод, Хайруллозода Баҳрулло ва сардори раёсати байналмилалӣ Холов Меҳриддин, инчунин сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – Султонзода Ҳасаншо ширкат варзиданд.
Аввалан ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ташрифи меҳмононро ба донишкада шодбошӣ намуда, доир ба самти фаъолияти донишкада ва тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни фарҳангу санъат, инчунин дастовардҳои донишкада дар ин самт маълумоти лозимаро пешкаши меҳмонон намуд. Ёдоварӣ карда шуд, ки робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар тули 30 соли охир хеле дар сатҳи густурда ба роҳ монда шуда, ҳамасола барномаву чорабиниҳои гуногун миёни ҷонибҳо амалӣ гардида истодааст. Ҳамчунин, фарҳангу санъати тоҷикон бо ҳиндуҳо робитаи таърихӣ дошта, давраҳои гуногуни таърихӣ то ба авҷи аъло расидааст, ки намунаи он имрӯзҳо низ идома дорад.
Дар навбати худ сафир Раҷеш Уйке баъди муаррифии хеш ҳадафу нақшаҳои ташриф ва роҳандозии ҳамкорҳои соҳавиро бо донишкада пешниҳод намуда, қайд намуд, ки “Сафорати Ҳиндустон омода аст, ки дар оянда чорабиниҳои гуногуни муштараки фарҳангиро бо донишкада амалӣ намуда, барои ба таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддат фиристодани омӯзгорону донишҷӯён ба Ҷумҳурии Ҳиндустон мусоидат намояд”. Ҳамчунин, бо мақсади рушди ҳамкориҳои муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи фарҳангу санъати Ҳиндустон ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуд.
Дар раванди мулоқот бештар ба ихтисосҳои соҳаи санъати миллии навозандагию сарояндагӣ таваҷҷуҳи бештар равона гардида, ҳамчунин доир ба ҳаёту фаъолияти муштараки шоирону мутафаккирони форсу ҳинд гуфтушунидҳои судманд анҷом дода шуд.
Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот аз ҷониби ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уйке бо асбоби миллии мусиқӣ ҳамчун туҳфа ва рамзи дӯстӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар навбати худ сафир даъват ба амал овард, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда бо ташаббуси сафорат асбобҳои миллии мусиқии хоси Ҳиндустон ба донишкада тӯҳфа гардида, барои омӯзиши онҳо аз ҷониби намояндагони Маркази фарҳангии Свами Вивеканандаи назди сафорат дарсҳои маҳорат барои омӯзгорону донишҷӯёни донишкада баргузор карда мешавад.
Пас аз мулоқоти судманд дар толори “Арғунун”-и донишкада аз ҷониби ҳунармандону санъаткорони Ҳиндустон тавассути иҷроиши зиндаи навозиши асбобҳои миллӣ ва рақси миллӣ чорабинии консертии хотирмон пешкаши тамошобинон гардид. Консерти мазкур бо садо додани суруди миллии ҳарду кишварҳо оғоз гардида, аввалан суханронии ректори донишкада профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уйке шунида шуд. Пас аз ифтитоҳи расмии чорабинӣ иҷроиши омӯзгори донишкада Шарипов Қобилҷон бо суруди “Дилбари ман” дар сози арғунун пешкаши тамошобинон гардида, боқӣ тамоми номераҳои консертӣ аз ҷониби санъаткорони ҳинду фарогири жанрҳои гуногуни сарояндагиву навозандагӣ ва рақси миллии Ҳиндустон буд. Ҳамчунин, бахшида ба рӯзи ҷаҳонии “Ёга” намоиши махсус пешниҳоди ҳамагон гардид.
Меҳриддин Холов
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода