«Ниёгони хирадманду рӯзгордидаи мо донишро беҳуда «қутбнамои зиндагӣ»,»чароғи равшан»,»ҷавшани тан»,»парчами зафармандӣ» ва устоди беминнат нагуфтаанд.» Эмомалӣ Раҳмон

    Дар шароите, ки имрӯз насли башар умр ба сар мебаранду ҳаёти инсоният ба давраи ниҳоят ҳассос расидааст, ҳар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як вохӯрӣ ва хусусан баргузор намудани мулоқот дар «Рӯзи дониш» ҳамчун талош ба хотири ҳифзи субот дар ватанамон фаҳмида мешавад.

   Баргузории Дарси сулҳ на танҳо оғози соли таҳсили нав, балки дасту дили гарм, муҳаббати  беканор ба мактабу муаллим, шукргузорӣ аз озодиву истиқлолият ва як қадами устувор ба пеш баҳри ояндаи неку дурахшони худ ба ҳисоб меравад.

   Мулоқоти имсолаи Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша оқилонаю орифона сурат гирифт, ки асос будани дониши мукаммалро дар зиндагии хушбахтонаю осуда таътид мекард.

   Пешвои миллат дар мулоқоташон ҳанӯз 1-уми сентябри соли 2024 қайд намуда буданд, ки «Шумо – муҳтарам омӯзгорон – ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсиятро ба дӯш доред, ба фарзандони мардуми Тоҷикистон саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзонед.

   Бубинед, ки кӯдак вақте ба мактаб меравад, чӣ қадар ақлу фаҳмиш дорад? Чӣ қадар дониш дорад? Чӣ қадар хондаву навишта метавонад ва дарки ӯ оид ба ҳаёту зиндагӣ дар чӣ сатҳ аст? Тақрибан ҳеҷ! Аммо омӯзгор аз ӯ дар муддати 11 сол як инсони комил тарбия мекунад.

Ана ин аст рисолати инсонсозии омӯзгор.»

   Чунин некбиниҳои сарвари давлат аст, ки имрӯз маориф  василаи нигаҳдорию таҳкими сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар миёни халқ ба ҳисоб меравад.

   Сӯҳбати самимию хирадмандонаи имсолаи Президентамон, ки имсол низ аз таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти томактабию мактабӣ, вазъият ва таҳлили шарту шароити кору таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ, донишандӯзии ҷавонон дар хориҷи кишвар, рӯ овардан ба илму техникаву технология, сатҳи забондонӣ  ва даҳҳо масъалаҳои заруршуморидаи ҳукумати кишвар иборат буд, дар фикри ҳар шаҳрванди ватандӯст чунин хулосаеро ба бор меоварад: Маориф воқеан пояи асосии давлат аст. Ё ба ибораи машҳури дигар:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ руй бар мактаб биёр.

   Агар мо ба пешаи худ завқ дошта бошем, бо иродаи қавию сатҳи баланди касбият ва бо тарбияи неку намунавӣ фаъолият кунем, бешак давлат пешрафта мегардаду мавқеи омӯзгор баланд ва насли оянда созанда.

   Пешвои муаззам ҷойе бамаврид қайд намудаанд, ки :»Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад.»

 Ягон сохтор, ягон ниҳод, ягон касб бе каму косту камбудӣ нест.Аммо моро лозим меояд, ки бо пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президентамон дар мавқеи худ устувор буда, дастуру супоришҳояшнро сармашқи кори худ қарор дода ояндасозони ҳақиқии ин Ватан бошем.

   Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ба мову Шумо муборак бошад!

Саидзода Шодонаи Иброҳим,

номзади илмҳои филологӣ,

мудири кафедраи технологияи ВАО