Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори он декани факултаи журналистикаи телевизион ва радио Ниёзов Лутфулло, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Хоҷаев Ҷамшед, дотсенти кафедраи мазкур Имомалиева Раъно, омӯзгорони калони кафедра Нуридинзода Фаридун, Кенҷаев Ҳошимхуҷа, Холиқов Диловар ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро н.и.ф., дотсенти кафедра Имомалиева Р.М. ҳусни оғоз бахшида, андешаву мулоҳизаҳояшро оиди яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки ҷомеаи мо бо он рӯ ба рӯ аст, ин пешгирии ҷавонон аз гароиш ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ мебошад. Ҷавонон нерӯи созанда, қувваи пешбаранда ва ояндаи миллатанд. Аммо маҳз ҳамин қувваи ҷавонӣ метавонад ҳадафи асосии гурӯҳҳои вайронкор қарор гирад, зеро онҳо мехоҳанд аз содагии ҷавонон, аз кам маълумотӣ ва аз мушкилоти иҷтимоӣ онҳо истифода баранд.
Мавсуф зикр намуд, ки Аввалан, мо бояд донем, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳи фиреб, ваъдаҳои дурӯғи «ҳаёти беҳтар», «адолат», «ҷиҳод», ё «ҳимояи дин» ҷавононро ҷалб мекунанд. Ҳол он ки аслӣ бошад, қадам ба чунин роҳ — қадам ба сӯи нобудии шахсият, оила ва кишвар аст.
Баъдан, барои пешгирӣ аз чунин хатарҳо муҳим аст, ки ҷавонон соҳиби маориф, ҷаҳонбинӣ ва маълумоти дуруст бошанд. Маориф беҳтарин сипар бар зидди афкори ифротист. Ҷавоне, ки фикри танқидӣ дорад, ки арзишҳои инсонӣ ва миллӣ-шиносӣро пайдо кардааст, ҳеҷ гоҳ ба доми гурӯҳҳои террористӣ намеафтад.
Сеюм, оила ва мактаб нақши асосӣ доранд. Оила бояд муҳаббат, ахлоқ ва дастгириро ба фарзандонаш эҳсон кунад. Мактаб бошад, ба онҳо тафаккури солим, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми қонунро омӯзонад. Агар ҷавонон худро дар муҳити солим бинанд, ба таблиғоти гурӯҳҳои номатлуб ҷавоб намедиҳанд.
Чаҳорум, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле муҳим аст. Маҳз аз ҳамин роҳ гурӯҳҳои ифротӣ бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд. Ҳар як ҷавон бояд фаҳмад, ки на ҳар иттилоъ ҳақиқату дуруст аст. Бояд аввал санҷид, фаҳмид ва баъд қабул кард.
Панҷум, мо бояд бо ҷавонон оиди ин масъалаҳо суҳбатҳо карда онҳоро дастгирӣ намуда, ба онҳо имконият диҳем, ки дар таҳсил, варзиш, кору эҷод, иштирок дар зиндагии ҷамъиятӣ иштирок варзида, маънавиёти фарҳангиву маърифатии худро зиёд намоянд. Ҷавоне, ки худро дар ҷомеа муҳим ҳис мекунад, ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳҳои бегона рӯй намеорад.
Дар анҷом таъкид намуданд, ки маҳз ҳамкории оила, ҷомеа, мактаб ва худи ҷавонон метавонад моро аз ин хатар эмин нигоҳ доранд. Чуноне, ки гуфтаанд «Пешгирӣ — аз пеши роҳгирӣ беҳтар аст».
Сипас, устодони кафедра Нуридинзода Фаридун дар мавзуи “Тероризм ва эктремизм вабои аср” ва Холов Хисрав “Ифротгароии динӣ, сабабҳо, омилҳо ва роҳҳои пешгирии он” инчунин декани факултаи Журналистикаи телевизион ва радио Низов Лутфулло дар мавзуи “Тероризм ва ифротгароии хушунатомез”маърузаҳо намуданд.
Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баромадҳояшон таъкид намуданд, ки ҳама механизмҳо — аз оила ва мактаб то мақомоти давлатӣ — бояд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷавонон фаъол гарданд. Ин маърифати дуруст ҷавононро аз афкори ифротӣ дур намуда, онҳоро ба андешаҳои солим ва тараққиёт пеш мебарад.
Дар анҷом миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, зикр намуданд, ки тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои ҷамъиятӣ аз масъалаҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлоли мо ба ҳисоб меравад. Зеро ояндаи миллат маҳз аз рӯйи тарбия ва ҷаҳонбинии ҷавонони имрӯза муайян мегардад.
Мудири кафедраи фанҳои
Ҷомеашиносии МДТ “ДДФСТ
ба номи М.Турсунзода”,
Хоҷаев Ҷ.Ф.




