Имрӯз таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Конференсияро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи Раёсати донишкада бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад, самимона табрику муборакбод намуд.

Сарвари муассиса аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ситоиш намуда, тазаккур дод, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегиранд. Дар ин замина, дар кишварамон бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалие, назири дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1100 — солагии давлатдории Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои густурдаи фарҳангии дигар андешида шуданд, ки се даҳсола пеш дар гӯшаи хаёли касе набуданд. Мусаллам аст, ки ин иқдомот дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд.

Зикр гардид, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» -и худ ҷойгоҳи сазоворро касб намуд. Ин сиёсат, ки сиёсати сулҳхоҳона ва беғараз мебошад, доираи шарикони хориҷии кишварамонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи минтақавию  байналмилалӣ, ҳамзамон муаррифии шоистаи дастовардҳои даврони истиқлол, бавижа фарҳанг ва санъати миллиамон заминаи мусоид фароҳам овард.

Сипас устодони донишкада Аминӣ А., Умарова Г., Мӯминова Ҳ., Ҳамидиён И., Орифов Т., Ҳамдамов Б.,  Ниёзов Л,, Муллоев Ш., Раҳимов Б.,  Галимова М., Абдуллоева А.,  Шарофиддинзод М., Саидзода Ш., Умарова М. ва Муллоева Н.  маърузаҳои худро вобаста ба мавзуи конференсия ироа намуда, доир ба таърих, ҷойгоҳ ва муҳимияти ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни андеша намуданд.

 

ҚУДРАТОВ СИНО