Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат” ва “асоси мавҷудияти ҳар як давлат” арзёбӣ намудаанд. Он маҳсули фаъолияти дуру дарози таърихии инсон буда, тамоми неруи сиришти фарҳанг дар сурату симоҳои гуногуни халқу миллатҳо, забонҳо, илму ҳунар, асарҳои бадеию манзараҳо ва дигар васоити тасвирӣ ба таври хоса зоҳир гардида, на фақат технология ва тарзу усули зиндагиву тамоми фаъолияти эҷодкоронаи одамонро фаро мегирад, балки он ба арзишҳои муҳимми ҳаётӣ табдил ёфта, ба зиндагӣ ва ҳастии инсон маънӣ мебахшад. Аз ин рӯ, фарҳанг бо мақсадгузориҳои муайяни инсонӣ ва дар ҳаёт амалӣ гардидани ин ормонҳо зич алоқаманд мебошад.

Дар замони истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги мардуми тоҷик ба пуррагӣ эҳё гардидаву рушд ёфт, зеро Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг ҳамчун муаррификунандаи миллат ва асоси ҳастии давлат эътибори хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки имрӯз фазои фарҳанги миллӣ ҳифз гардида, ҷиҳати шаклгирии муосири ин нишона, таърих ва пояи ҳастии миллат тадбирҳо андешида мешаванд.

Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабр зимни ироаи Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.

Дар воқеъ, Сарвари давлат зимни баррасии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат таъкид намуданд, ки «то имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихию фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру навсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққат қарор дошта бошанд, зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».

Дар ҳақиқат, миллати тоҷик яке аз халқиятҳои дорои тамаддуни қадима ва ғание мебошад, ки бо ташаббуси фарзандони фарзонаи миллат то ин дам ҳифз гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ баҳри ҳифз ва рушди фарҳангу тамаддуни ниёгони хеш пардохта, дубора ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки халқи мо дар таърих соҳибилм, соҳибҳунар, соҳибтамаддун ва фарҳангсолор мебошад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои таърихӣ, мисли Саразми бостонӣ, ҷашну маросимҳои миллати тоҷик амсоли иди Наврӯз, ҳамчун арзиши бузурги миллӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуда ва ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардид.

Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, Саразмро ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид намуда, 5500-солагии он ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва аввалин намунаи давлатдорӣ ҷашн гирифтанд.

Баҳри боз ҳам рушд додани расму ойини гузаштагони миллати тоҷик ва муаррифии шахсиятҳои таърихӣ дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон ташкил шуда, фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо ба ҳунармандону фарҳангиён имконияти васеи фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Тавре ки Сарвари давлат дар суханрониашон иброз доштанд, тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Дар ин замина, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи кишвар барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Дар маҷмуъ, дастуру супоришҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём дар самти фарҳанг доданд, дурнамои фаъолияти тамоми фарҳангиёни кишвар аст. Аз ин рӯ, аҳли фарҳанги кишварро мебояд, ки таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири аз фарҳангу таърихи миллат хуб огоҳ будани насли ҷавон тадбирандешӣ намуда, баҳри ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ пайваста талош намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ЁДГОРОВА Елена Норқуловна,

мудири шуъбаи коргузории

МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг

ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода”