Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои сиёсӣ ва барномавии давлат ба ҳисоб меравад. Он ҳамасола дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян менамояд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва дар марҳилаи нави рушди давлат пешниҳод гардида, дорои аҳамияти хос мебошад. Дар шароите, ки равандҳои ҷаҳонӣ бо суръат тағир меёбанд, иқтисоди ҷаҳонӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ аст ва таъдидҳои амниятӣ афзоиш меёбанд. Паёми Президент ҳамчун роҳнамо барои таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва беҳбуди зиндагии мардум нақши калиди мебозад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади конститутсионӣ буда, аҳамияти бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дорад. Он на танҳо натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар як сол, балки барномаи дурнамои рушди давлат барои солҳои минбаъда мебошад. Дар паёми соли 2025 Пешвои Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи воқеии кишварро таҳлил намуда, масъалаи муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Паём фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамоҳанг намуда, масъулияти онҳоро дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ тақвият мебахшад. Аз ин ҷиҳат Паёми Президент ҳамчун санади роҳнамо ва стратегӣ хизмат мекунад.
Масъалаҳои иҷтимоӣ дар паёми соли 2025 мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар ин самт рушди маориф ва тандурустӣ ҳамчун пояи асосии сармояи инсонӣ зикр гардид.
Дар соҳаи маориф беҳтар намудани сифати таълим ҷорӣ намудани усулҳои муосири омузиш, рушди илм ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз вазифаҳои асосӣ арзёбӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурӣ дар Паёми худ қайд намуданд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва то соли 2025 дар кишвар 3670 муассисаҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ низ соҳта шуданд, Ин омор нишон медиҳад, ки соҳаи маориф дар кишвар бо суръати устувор рушд мекунад ва барои фароҳам овардани шароити беҳтар барои таҳсил маҷмӯи массисаҳои таълимӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон шумораи таҳсилоти умумӣ (аз ҷумла литсейҳо, гимназияҳо ва типи нав) ба зиёда аз 4000 муассиса расидааст ва дар онҳо бештар аз 2,28 миллион хонандагон таҳсил менамоянд. Китобҳои дарсӣ ва шароити мавҷуда мусоид гардонида шудаанд, ки ин низ дар Паёмҳои Президенти мамлакат ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳаи маориф таъкид мегардад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олӣ дар соли 2025 ба рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Президенти кишвар фарҳангро яке аз пояҳои асосии худшиносии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ намуданд.
Дар Паём таъкид карда шуд, ки ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ, эҳ0ёи анъанаҳои миллӣ ва дастгириҳои соҳаи фарҳанг вазифаи муҳими давлат мебошад. Ба масъалаи нигоҳдорӣ ва тармими ёдгориҳои таърихӣ, фаъолияти театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва хонаҳои фарҳанг диққати ҷиддӣ дода шуд.
Президенти кишвар инчунин нақши ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар маросимҳои суннатиро дар тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва таҳкими ваҳдати мардум муҳим арзёбӣ намуданд. Дар Паёми соли 2025 зарурати баргузории онҳо дар сатҳи баланд ва бо мазмуни фарҳангӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин дар Паём ба масъалаҳои дастгирии аҳли фарҳанг, рушди санъати миллӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Таъкид гардид, ки фарҳанг бояд ба рушди маънавии ҷомеъа ва болоравии сатҳи маърифат хизмат намояд.
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус доранд. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки ҷавонон неруи асосии рушди давлат мебошанд ва дастгирии онҳо дар соҳаи таҳсил, касбомӯзӣ ва шуғл афзалияти сиёсати давлатӣ мебошад. Инчунин баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иҷтисодӣ ва сиёсӣ таъмини баробарии ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар паём ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоӣ таъкид гардид.
Хулоса, рушди соҳаи фарҳанг барои пешрафти ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти бузург дорад.
Мудири кафедраи
тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ
Гурезов Ш.