Дар ҳама давру замон халқи тоҷик ба таълиму тарбияи фарзандони худ диққати махсус зоҳир менамуданд ва онҳоро дар руҳияи илму адабдӯстӣ, ватанпарастӣ ва дӯст доштани Ватани азизи худ ба воя мерасонданд. Фарзонафарзандони халқи тоҷик, ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Абурайҳон Берунӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон низ дар ҳамин руҳия ба воя расида, асарҳое эҷод кардаанд, ки ганҷинаи илму адаби аҳли башарро пурбор гардондаанд.
Наслҳои имрӯзи халқи тоҷик метавонанд, ки бо ниёгони бо илму дониш, фарҳангсолор, ватанпарасту санъатдӯсти хеш ифтихор намоянд, зеро аҳли олам Сардафтари адабиёти классикии тоҷик – Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба сифати Одам-уш шуаро ва Ҳофизи Шерозиро ба ҳайси Султони марзи ғазал медонанду эҳтиромашон мегузоранд.
Маҳз ҳамин фитрати азалии илму донишандӯзӣ, фарҳангдӯстию ватанпарастии халқи тоҷик буд, ки дар замони хеле мушкили ба сари халқи азияткашидаи мо омада, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадам ниҳода миллат, ватану давлатамонро аз парокандагиву нобудӣ раҳонида, сафинаи бахти халқамонро ба сӯйи сулҳу осоиш ва ободию созандагӣ равона намуд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронии хеш дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2024 ин нуктаро ба таври зайл иброз намуда буданд: “Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст”.
Барои расидан ба мақсади роҳандозии нақшаҳои дар пеш истода Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид карданд, ки: “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад”.
Мо ҳама хуб медонем, ки сол то сол шумораи аҳолии мамлакатамон рӯй ба афзоиш аст. Ин раванд тақозо менамояд, ки барои кӯдакону наврасон муассисаҳои нави таълимӣ сохта, онҳоро бо ҷойҳои нави таҳсил таъмин намоем. Ин масъалаи мубрам низ дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикоси худро ёфта, барои иҷрои ин корҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд. Аз он ҷумла изҳор карда шуд, ки: “Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ… бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани кӯдакону наврасон…, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаҳои таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.
Дар баробари ин қайд карда шуд, ки бо мақсади тақвият бахшидани раванди рушду инкишофи таълиму тарбияи кӯдакон ва насли навраси тоҷик, инчунини мусоидат намудан ба такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот, таҳияву таълифи китобҳои дарсии нав, ислоҳоти соҳа, дастгирии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзгорон: “… дар соҳаи маорифи мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд”.
Мавриди зикри хосса аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба Маҷлиси Олии мамлакат ироагардидаашон раванди афзоиши муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ ва томактабиро дар даврони соҳибистилолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле дақиқ таҳлил намуда, афзоиши ин равандро дар муқоиса бо соли нахустини ба истиқлол расидани мамлакатамон хеле назаррас баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаҳои томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав, фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташил медиҳад.
Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба 214 ҳазор нафар расидааст.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 ишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”.
Албатта, бе таҷдиди назар намудани стандартҳо, нақшаву барномаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани усулҳои навини таълиму омӯзиши забонҳо ва такмил додани маҳорату малакаи омӯзгорон пешравии назарраси соҳаи илму маорифро таъмин кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми хеш ба Вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд, ки дар ин самт чораҳои муассир андешида шавад. Аз он ҷумла, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки: “ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд”.
Азбаски вазифаи асосии кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқии факултети мусиқӣ-омӯзгории МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бевосита бо омодасозии кадрҳои соҳибихтисоси педагогӣ, яъне роҳбарони мусиқӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва омӯзгорони суруд ва мусиқӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои махсуси санъат ва дигар муассисаҳои соҳавии фарҳангӣ вобаста мебошад, моро зарур аст, ки дар ин самт тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намоем, ки дастуру супоришҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ ва самарабахш таъмин карда шаванд.
Барои расидан ба ин мақсади наҷиб дар кафедра шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Омӯзгорони кафедра бо нақшаҳои таълимию кории тасдиқшуда, адабиёти зарурии таълимӣ, аз ҷумла бо китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, созҳои мусиқии зарурӣ ва синфхонаҳои тозаву озода пурра таъмин карда шудаанд.
Омӯзгорони кафедра Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастури тарбиявии имрӯзу фардо мавриди омӯзиш қарор дода, барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардондани ҳар як супоришу дастурҳои вобаста ба салоҳияти кафедра, ҷиҳати таълиму тарбияи донишҷӯён – омӯзгорони оянда тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намуда истодаанд.
Шамсиддин ГУРЕЗОВ,
и.в. дотсент, мудири кафедраи
тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ