16 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ, пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас дар рушди иқтисодиёти рақамӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудан ва васеъ истифода бурдани технологияҳои муосир, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода бурдани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, аз ҷониби Пешвои миллат баён гардид.
Бояд қайд намуд, ки нақлиёт базаи асосии иҷтимоию иқтисодӣ, барои ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Нақлиёт муҳаррики рушди соҳаи сайёҳӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Умуман намудҳои гуногуни нақлиёт мавҷуд аст, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хосро доро ҳастанд. Ва дар ҷаҳон аксари сайёҳатҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ, автобусҳо, нақлиёти ҳавоӣ, нақлиёти роҳи оҳан ва нақлиёти обӣ суръат мегирифтааст (қариб 88% аз ҳаҷми умумии сафарҳои сайёҳӣ тавассути нақлиёт).
Сайёҳӣ расонидани одамонро аз як ҷой ба ҷои дигар, ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз ҳудудҳои он, дар назар дорад. Қонунгузории як қатор давлатҳои Аврупо хизматрасониҳои нақлиётиро, дар баробари хизматрасонии ҷойгиркунонӣ, аз ҷумлаи хизматрасониҳои асосие, ки ба сайёҳон пешниҳод карда мешаванд, меҳисобанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки “Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд.
Роҳҳои Обигарм – Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб – Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҷумлаи иншооти зикршуда мебошанд.
Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара – Гулистон, 33 километр роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори неругоҳи барқи обии «Роғун» ба дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.
Роҳҳои Ваҳдат – Обигарм 70 километр, Гулистон – Кӯлоб 33 километр, Хоруғ – Роштқалъа 39 километр, Мурғоб – Кулма 67 километр, Балҷувон – Сари Хосор 55 километр, Хистеварз – Конибодом (Арка) 10 километр, 11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб ва 5 пули мошингард дар роҳи Лаби Ҷар – Сангвор аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Вазорати нақлиёт вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати идомаи бунёд ва таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва назорати сифати иҷрои корҳои лоиҳавӣ вусъат бахшад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ташкили марказҳои нақлиётиву логистикӣ, азнавсозии парки нақлиёти роҳи оҳан ва инфрасохтори он чораҷӯйӣ намояд.
Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешад.
Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад”.
Воқеъан ҳам, чи тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди хизматрасониҳои нақлиётиву логистикӣ бармеояд, ин хизматҳо ва корҳои ободонию созандагӣ дар самти бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгар, нақбҳо, пулҳо дар Тоҷикистон бомаром идома дорад.
Аз ҷумла давоми солҳои истиқлолӣ ба хусус давоми даҳ соли охир, фаъолиятҳо ва хизматрасониҳои Корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон беҳтару хубтар шуда аст. Аз ҷумла локомотивҳои нав ва вагонҳои нав харидашуда, истгоҳҳои роҳи оҳани Тоҷикистон дар Душанбе, Ёвон, Қурғонтеппа, Данғара, Кулоб, Шаҳритус таъмиру таҷдид гардиданд. Корҳои азнавсозии вагонҳои мавҷудаи мусофиркашон ва боркаш дар муассисаҳои таъмиротии кишвар ба роҳ монда шуда аст.
Дар солҳои истиқлолият майдони ҳавоии шаҳри Душанбе бо кўмаки мутахассисони Ҳиндустон аз нав тармим гардид. Фурудгоҳҳои ҳавоии шаҳрҳои Хуҷанд ва шаҳри Душанбе таъмиру таҷдид гашт. Дар шаҳри Кӯлоб майдони байналмиллалии ҳавоӣ сохта ба истифода дода шуд.
Роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи яктарафаи бераводид бо 52 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи онлайн www.evisa.tj раводиди электронӣ дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.
Дар Тоҷикистон саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳони дохилию хориҷӣ назаррас буда, таъмини истироҳату саёҳати бехатари сайёҳон ҳамеша зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад.
Аз соли 2018 инҷониб дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият мекунад. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъба ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар таъмини дархостҳои сайёҳон саҳми бориз дорад.
Андешидани тадбирҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб мешавад.
Мувофиқи ақидаи коршиносон, дар ҷаҳон қариб 84 % хатсайрҳои сайёҳӣ тавассути автомобилҳо амалӣ мешаванд. Дар замони соҳибистиқлолӣ хизматрасонии нақлиётӣ назар ба замони шӯравӣ беҳтар гашта аст, масалан, хизматрасонии нақлиётӣ ва автомобилӣ аз тарафи ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон, овардани автобусҳои нав аз давлати Туркия, бунёд сохтани корхонаи автобусбарорӣ дар шаҳри Душанбе, шартномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон доир ба истеҳсоли автомобилҳои сабукрав дар Тоҷикистон, овардани электромобилҳо, яъне автобусҳо ва автомобилҳои барқӣ аз хориҷи кишвар, корҳои ободонию созандагӣ дар самти таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард, сохтани нақбҳои автомобилгард байни минтақаҳои мухталифи кишвар, ошхонаҳои сарироҳӣ, нуқтаҳои сӯзишворӣ ва дигар корҳо барои беҳтар гаштани сайру сайёҳатҳои мардуми кишвар ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маротиб беҳтар гаштааст.
Ин ҳама корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт аз рушди босамару ояндаи хуби ин шаклҳои хизматрасонии нақлиётӣ дар кишвар дарак медиҳад.
Хуллас, Паёми Пешвои миллат як ҳуҷҷати стратегӣ ва роҳнамои миллат барои солҳои оянда мебошад. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус аз ҳар як сухану пешниҳодоти арзишманди сарвари маҳбуби кишвар илҳом гирифта, дар фаъолиятҳои кории хеш софдилона меҳнат мекунанд ва он ҳама тавсияву пешниҳодҳоро сармашқи кору зиндагии хеш қарор медиҳанд.
Ашуралиев Муродали дотсенти кафедраи
“Технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии МДТ ДДФСТ ба номи М.Турсунзода
